Чилу чор соат дар дӯзах
Ҷон Рэйнолдс
Яке аз ҳодисаҳои шавқовартарин дар бораи эҳё шудани одам, ки ман шунида будам, ин саргузашти аспдузди маъруф дар ноҳияи Ҷефферсон бо номи Ҷорҷ Леннокс аст. Ӯро дуюм маротиба ба ҳабсхона маҳкум карда буданд. Якум маротиба ӯро дар ноҳияи Седҷвик барои айни ҳамон ҷиноят – аспдӯздӣ – ба зиндон маҳкум карда буданд.
Зимистони соли 1887-1888 ӯ дар кони ангишт кор мекард. Ҳамон ҷое, ки ӯ кор мекард, ба назараш хатарнок намуд. Вай дар бораи ин ба афсари мутасаддӣ гуфт ва ӯ ҳамаашро тафтиш карду қарор карду дид, ки утоқаш бехатар аст, ва ба Леннокс фармуд то ба кораш баргардад. Зиндонӣ итоат карду корашро давом дод, лекин як соат нагузашта, бом афтид ва пурра ӯро зери шикастапораҳо монд. Ӯ ду соат дар ин ҳолат монд.
Вақте ки Леннокс ба хӯроки шом наомад, ҷустуҷӯи зиндонии ғоибро сар карданд ва ӯро зери харобиҳо ёфтанд. Ба назар менамуд, ки ӯ ҷон дода буд. Ӯро ба боло бароварданд ва духтури зиндон ӯро тафтиш карду мурда эътироф кард. Ҷасадашро ба беморхона бурданд ва дар он ҷо шуштанд, либос пушонданд ва барои дафн омода карданд. Тобуташро сохтанд ва ба беморхона оварданд. Рӯҳонӣ барои гузарондани урфу одатҳои охирини ғамангезро барои дафн омад. Роҳбари беморхона ба якчанд маҳбуси дигар амр дод, ки ҷасадро аз болои кат бардошта, ба даруни тобут монанд. Онҳо итоат карда, яктоаш аз сараш, дигараш аз пойҳояш гирифтанд ва то мобайни утоқ омаданд ва ҳамон нафаре, ки сарашро мебардошт, ба кӯза дакка хӯрду дар пойхояш наистода, ҷасадро ба замин афтонд. Вақте ки сари ҷасад ба замин зад, оҳи чуқур баромад ва ҳамаи ҳозирон бисёр ҳайрон шуданд. Дере нагузашта чашмаш кушода шуд ва дигар нишонаҳои ҳаёт зоҳир шуданд. Фавран духтурро фарёд карданд ва вақте ки ӯ тақрибан баъд аз си дақиқа омад, одами мурда пиёлаи обро хост ва дар вақти даромадани духтур обро менушид.
Тобутро зуд бурданд ва дертар дигар маҳбусро дар он дафн карданд. Инчунин либоси дафнро аз ӯ гирифтанд ва ба ҷояш либоси зиндониро пӯшонданд. Ҳангоми тафтиши тиббӣ муайян шуд, ки пояш дар ду ҷо шикастааст ва дигараш захмдор шуд. Ӯ шаш моҳи дигар дар беморхона монд ва баъд ба кораш баргашт.
Ман баъд аз марги эҳтимолиаш дере нагузашта дар бораи таҷрибаи ғайриоддиаш аз ҳамкори конканам шунидам. Аз барои кунҷковиам ман хостам бо Леннокс шинос шавам, ки дар бораи саргузашташ шахсан аз вай шунавам. Давоми якчанд моҳ имконияти шинос шудан набуд. Дар охир фурсат пайдо шуд. Баъд аз он, ки корам дар конҳои ангишт тамом шуд, маро ба яке аз корхонаи зиндон барои навиштани якчанд ҳисоботи солона гузаронданд. Як рӯз вақте ки ин одам аз пеши утоқи кориам мегузашт ва бо ман рӯ ба рӯ шуд, ман мавзӯи зинда шуданашро бардоштам. Дере нагузашта ман ба дасташ хатча додам ва хоҳиш кардам, ки ба ҷои кориам биёяд. Ӯ омаду ман бо ӯ наздик шинос шудам ва аз забони худаш саргузашти аҷоибашро шунидам. Ӯ одами ҷавон буд, шояд аз си сол боло набуд. Ӯ ҷинояткори гузаро буд; маълумоти хеле хуб дошт ва табиатан хеле боақл буд.
Матни пурра: Чилу чор соат дар дӯзах
Қисми аҷоибтарини саргузашташ дар вақти мурда буданаш рӯй дод. Ман пештар хабарнигори стенографист кор кардам ва ҳодисаашро калима ба калима навиштам.
Ӯ гуфт: “Тамоми субҳи ҳамон рӯз ман гувоҳии дил доштам, ки чизи бад рӯй медиҳад. Аз барои ин ман худро ноором ҳис кардам ва ба назди роҳбари кони ангишт ҷаноб Грэйсон рафтам ва дар бораи ҳиссиётам ба ӯ нақл карда, хоҳиш кардам, ки омада утоқамро, яъне он ҷоеро, ки ман ангишт мекандам, тафтиш кунад. Ӯ омад ва аз намудаш ҳамаашро нағз тафтиш карда, ба ман фармуд, ки ба корам баргардам. Инчунин гуфт, ки ягон хатар нест ва фикр кард, ки ман “беақл” шудам. Ман ба корам баргаштам ва тақрибан давоми як соат ангишт мекандам, ки ногаҳон ҳамааш бисёр торорик шуд. Баъд гӯё дари оҳанини калон кушода шуд ва ман аз остонаи он гузаштам. Пас ба сарам фикр омад, ки ман мурдам ва ба олами дигар афтодам. Ман ягон касро намедидам ва ягон намуди овозро намешунидам. Бо сабабе, ки худам чизеро намедонистам, ман аз назди дар дур рафтам ва масофаи муайян тай карда, ба соҳили дарёи васеъ расидам. Торик набуд, лекин равшан ҳам набуд. Равшании он монанди шаби пурситора буд. Ман дар лаби дарё вақти зиёд наистода, садои бели заврақро шунидам, ва зуд баъд аз он як нафар дар заврақ ба ҷои истодагиам омад.
“Ман хомӯш будам. Вай як лаҳза ба ман нигоҳ карду гуфт, ки барои гирифтани ман омад. Пас гуфт, ки ба даруни заврақ шишта, ба дигар лаби дарё шино кунам. Ман итоат кардам. Ӯ дигар ягон чиз нагуфт. Ман пурсидан мехостам, ки ӯ кӣ аст ва ман дар куҷо будам, лекин забонам гӯе ба ком часпид. Ман сухане гуфта наметавонистам. Дар охир мо ба лаби дигари дарё расидем. Ман аз заврақ баромадам ва заврақчӣ аз назар гум шуд.
“Инак танҳо монда, ман намедонистам чӣ кор кунам. Ба пеш нигоҳ кардам ва ду роҳеро дидам, ки аз водии торик мегузаштанд. Яктоаш фарох буд ва гӯё, ки одамони зиёд бо он роҳ мерафтанд. Дигараш борик буд ва ба тарафи дигар мебурд. Ман бо майли табиӣ бо роҳи бисёр гашташуда рафтам. Ман дур нарафтам, ки гирду атрофам ториктар шуд. Лекин дам ба дам нур дар дурӣ медурахшид ва ин тавр роҳи маро равшан мекард.
“Ба зудӣ ба пеши ман як махлуқе пайдо шуд, ки ӯро тамоман тасвир дода наметавонам. Ман фақат дар бораи намудаш гуфта метавонам, ки шумо дар бораи қиёфаи мудҳишаш тасаввуроти наздик пайдо кунед. Ӯ каме ба одам шабеҳ буд, лекин аз ҳар одами дигари дидагиам хеле калонтар буд. Қадаш аз се метр баландтар буд. Дар пушташ қанотҳои калон дошт. Пусташ мисли ангиште, ки ман мекандам, сиёҳ буд ва комилан бараҳна буд. Дар дасташ найза дошт, ки дастааш шояд чору ним метр дароз буд. Чашмонаш намуди кураи оташ доштанд. Дандонҳояш монанди гавҳар сафед ва дую ним сантиметр дароз буданд. Биниаш, агар онро бинӣ номидан мумкин бошад, хеле дароз, васеъ ва ҳамвор буд. Мӯи сараш хеле шах, ғафс ва дароз буд. Мӯи сараш аз болои кифтҳои калонаш овезон буд. Овозаш бештар аз ҳар чизи шунидагиам ба наъраи шер дар боғи ҳайвонот монанд буд.
“Дар вақти дурахши рушноӣ ман якум маротиба ӯро дидам. Вақте ки ман ӯро дидам, монанди барги дарахт ларзидам. Ӯ найзаашро чунин бардошт, ки гӯё мехост онро ба сӯи ман партояд. Ман якбора истодам. Бо ин овози даҳшатовараш, ки то ҳол дар гушам садо медиҳад, вай фармуд, ки ӯро пайравӣ кунам; гуфт, ки барои роҳбаладӣ кардани ман дар сафарам фиристода шуд. Ман аз пайи ӯ рафтам. Боз чӣ карда метавонистам? Баъди роҳ рафтани масофаи кӯтоҳ дар пеши мо кӯҳи калон пайдо шуд. Қисми кӯҳ, ки ба тарафи мо нигоҳ мекард, рост буд гӯё ки кӯҳро ба ду қисм буриданд ва яктоашро бардоштанд. Дар ин девори рост ман ин суханро возеҳ дидам: “Ин дӯзах аст”. Роҳбаладам ба ин девори рост наздик шуд ва бо дастаи найзааш се бор баланд тақ-тақ кард. Дари калону вазнин кушода шуд ва мо ба дарун даромадем. Пас маро аз роҳе гузаронданд, ки ба фикрам аз даруни кӯҳ мегузашт.
“Давоми чанд вақт мо дар торикии том роҳ мерафтем. Ман садои қадамҳои сангини роҳбаладамро мешунидам ва аз барои он метавонистам ӯро пайравӣ кунам. Дар тули тамоми роҳ ман нолаи чуқури одамонро мешунидам, гӯё ки касе ҷон медод. Рафта-рафта ин нолаҳо меафзуданд ва ман аниқ доду фарёдро мешунидам: “Об, об, об”. Акнун мо ба дигар дарвоза расидем ва вақте ки аз он гузаштем, гӯё ки ман миллион овозҳоро дар дурӣ шунидам ва онҳо дод гуфта, обро мехостанд. Пас роҳбаладам ба дигар дари калон тақ-тақ кард ва он кушода шуд, ва ман дидам, ки мо аз кӯҳ гузаштем, ва акнун дар пеши чашмонам дашти кушод буд.
“Дар ин ҷо роҳбаладам маро монд, ки дигар рӯҳҳои нобудшударо ба ин ҷо биёрад. Ман чанд вақт дар ин дашти кушод мондам, вақте ки махлуқи ба якум монандбуда ба назди ман омад; лекин ба ҷои найза ӯ шамшери азим дошт. Ӯ омад, то ба ман дар бораи тақдири ояндаам гӯяд. Ӯ бо овозе гап зад, ки ба ҷонам ваҳм андохт. “Ту дар дӯзах ҳастӣ” ӯ гуфт: “тамоми умед бароят нест шуд. Вақте ки ту аз даруни кӯҳ дар роҳ ба ин ҷо мегузаштӣ, ту доду нолаи талафшудагонро мешунидӣ, ки онҳо барои об илтиҷо мекарданд, то забони хушкшудаи онҳоро сард кунад. Дар ин роҳ даре ҳаст, ки ба тарафи кӯли оташ мебарад. Ба наздикӣ ин тақдири ту мешавад. Пеш аз он ки ту ба ин ҷои азобу уқубат мегузарӣ, ки аз он ҳеҷ гоҳ намебароӣ – чунки барои онҳое, ки ба он ҷо дохил мешаванд, ҳеҷ умеде нест – ба ту иҷозат медиҳанд, ки дар ин дашти кушод монӣ, ки дар ин ҷо ҳамаи нобудшудагон метавонад бинанд, ки онҳо аз чӣ ҳаловат бурда метавонистанд ба ҷои он, ки дар ин ҷо азоб кашанд.”
“Баъд аз ин маро танҳо монданд. Намедонам шояд дар натиҷаи тарсу бими шадид, ки аз он гузашта будам, лекин ҳоло ман карахт шудам. Сустию беҳолӣ пурра вуҷуди маро ғасб кард. Қувватам маро тарк кард. Пойҳоям дигар нахостанд баданамро бардоранд. Беқуввату бемадор шуда, ман ночор монанди санг афтодам. Беҳушӣ маро фаро гирифт. Ним хоб, ним бедор ман хаёл доштам, ки хоб мебинам. Аз болоям дар дурӣ ман шаҳри зебо дидам, ки дар бораяш дар Китоби Муқаддас хонда будам. Чӣ қадар деворҳоаш аз санги қиматбаҳо зебову аҷоиб буданд. Ман даштҳои калонро бо гулҳои зебо дидам, ки дар масофаи калон паҳн мешуд. Инчунин ман дарёи ҳаётро ва баҳри шишагинро дидам. Тӯдаи бузурги фариштаҳо ба дарвозаи шаҳр медароманд ва мебаромаданд, суруд мехонданд. Оҳ, чӣ қадар ин сурудҳо хушоҳанг буданд. Дар байни ин издиҳом ман модари пиронсоли азизамро дидам, ки якчанд сол пеш ба сабаби дилшикастагиаш аз барои ҷинояткориам вафот карда буд. Модарам ба тарафи ман нигоҳ карду ва гӯё ки маро ба назди худ фарёд кард, аммо ман ҳаракат карда наметавонистам. Ман ҳис кардам, ки гӯё аз болои ман як вазни калон буд, ки маро дар поён нигоҳ медошт. Ҳамон лаҳза шаббода вазида, бӯи хуши он гулҳои зеборо расонд ва акнун ман аз пештара боз ҳам аниқтар оҳангу овози ширини фариштагонро мешунидам ва гуфтам: “Оҳ, кош ман дар байни онҳо мешудам”.
“Ҳангоме ки ман ин косаи хушбахтиро менӯшидам, он якбора аз лабҳоям кашида шуд. Ман аз ғанабам бедор шудам. Як бошандаи ин макони торик маро аз олами орзую хаёл баргардонд. Ӯ гуфт, ки ҳоло вақти даромадан ба тақдири ояндаам расид. Ӯ фармуд, ки ӯро пайравӣ кунам. Аз пайи изи пойҳоям рафта, ман боз ба гузаргоҳи торик дохил шудам ва роҳбаладамро чанд вақт таъқиб карда, ба назди даре омадем, ки аз як тарафи гузаргоҳ кушода шуд. Ба даруни он даромадем ва пас аз дари дигар гузаштем ва баногоҳ! Ман кӯли оташро дидам.
“Дар пешам чӣ қадаре, ки чашмаш мерасид, ман кӯли оташу кибритро дар асл медидам. Мавҷҳои азими оташ аз болои якдигар чаппа мешуданд ва мавҷҳои калони аланга ба якдигарашон дакка мехӯрданд ва баланд дар ҳаво мехестанд монанди мавҷҳои оби баҳр дар вақти тӯфони пурзӯр. Дар теғаи мавҷҳо ман медидам, ки одамон бардошта мешуданд ва боз ба қаъри амиқтарини ин кӯли оташ меафтоданд. Вақте ки ин мавҷҳои даҳшатангез онҳоро ба боло мебароварданд, лаънати онҳо бар зидди Худои одил изтиробовар буд ва фарёди раҳмовари онҳо барои об дилхарош буд. Садои мавҷҳо ва нолаҳои ин рӯҳҳои гумшуда дар ин маҳали калони оташ боз ва боз инъикос мешуданд.
“Ман чашмамро ба даре гардондам, ки аз он чанд лаҳза пеш даромадам ва ин сухани даҳшатнокро шунидам: “Ин тақдири туст; абадият охир надорад”. Баъд ман ҳис кардам, ки замин таги пойҳоям кушода мешуд ва ман ба кӯли оташ ғарк мешудам. Ташнагии баённашаванда барои об акнун маро иҳота кард. Ва ман бо доду фарёди об дар утоқи беморхона чашмамро кушодам.
“Ман пештар ягон бор ин саргузаштамро ба дигарон нақл намекардам аз барои он, ки метарсидам ки кормандони зиндон онро истифода мебаранд ва фикр мекунанд ки ман аз ақл берун шудам ва маро дар девонахона маҳкам мекунанд. Ман аз ҳамаи ин чизҳо гузаштам ва бисёр хурсанд будам, ки зинда ҳастам, акнун медонистам, ки осмон ва дӯзах ҳаст, он дӯзахе, ки дар Китоби Муқаддас дар бораяш гуфта шудааст. Ва як чизро аниқ медонистам, ки ман дигар ҳеҷ гоҳ ба он ҷо барнамегардам.
“Вақте ки ман чашмонамро дар беморхона кушодам ва фаҳмидам, ки ман боз зинда ва дар замин ҳастам, ман тез дили худро ба Худо бахшидам ва то охири умрам ҳамчун масеҳӣ зиндагӣ мекунам. Манзараҳои даҳшатовари дӯзах ҳеҷ вақт аз хотираам нест намешавад, лекин инчунин зебогии осмонро низ фаромӯш намекунам. Баъд аз якчанд вақт ман модари пиронсоли азизамро мебинам. Шиштан дар лаби дарёи хушрӯ, роҳ рафтан ҳамроҳи фариштаҳо дар дашту водӣ ва аз болои теппаҳо, ки бо гулҳои муаттар рӯпуш ҳастанд ва зебогиаш аз ҳар чизе, ки одам тасаввур карда метавонад, олитар аст; гӯш кардан ба сурудҳои наҷотёфтагон – ҳамаи ин кифоя аст, ки ман дар ин замин мисли масеҳӣ зиндагӣ кунам, ҳатто агар ман бояд аз бисёр ҳаловатҳои ҷисмонӣ даст кашам, ки пеш аз афтоданам ба зиндон доштам. Ман аз шарикони ҷинояткорам дур шудам ва акнун вақте ки ман боз озод шавам бо одамони некӯкор рафту омад мекунам.”
Мо ба хонанда нақли Ленноксро чӣ тавре, ки шунидем, он хел расондем. Бигзор Худо ин саргузаштро баракат диҳад, то ки бисёр одамони гумшударо бедор кунад.
Чӣ тавр одамон вуҷуди дӯзахи оташро рад мекунанд? Мо Китоби Муқаддас, Каломи Худоро дорем ва ошкоршавии Ленноксро шунидем, ки дар бораи дӯзахи аслӣ ёд медиҳад. Мардону занон, истед! Ба воқеият нигоҳ кунед! Зиндагии ту қайд мешавад. Худо туро наҷот додан мехоҳад ва туро мебахшад, вақте ки ту эътироф кунӣ, ки ту гунаҳкор ҳастӣ. Роҳи ягонаи наҷот ин тоза шудан аз гуноҳ аст ба воситаи қабул кардани хуни Исои Масеҳ, ки барои гуноҳҳои ту қурбонӣ шуд. Вақте ки ту ин бахшиши Худоро қабул мекунӣ, Ӯ ба дилат оромӣ ва сулҳу осоиштагӣ медиҳад. Ту озод шуда метавонӣ – озод дар ин зиндагӣ ва боз ҳам бештар аз он – озод бошӣ, ки хушбахтии осмонро аз сар гузаронӣ ба ҷои воқеияти на фақат чилу чор соат, балки тамоми абадият дар дӯзах будан.
Сарватдор ва Лаъзор
(Инҷили Луқо 16:19-31)
Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард. Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ӯ мехобид, ва баданаш пур аз захм буд; ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, шиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд;
Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид ва фарьёд зада, гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам“. Лекин Иброҳим гуфт: „Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ; ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд“.
Ва ӯ гуфт: „Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман бифирист. Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу уқубат наоянд“. Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гӯш кунанд“. Аммо ӯ гуфт: „Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард“. Ба ӯ гуфт: „Модоме ки ба Мусо ва анбиё гӯш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард“».
Навиштаҷоти иловагӣ барои хондан: Ваҳӣ 21:7-8; Ваҳӣ 20:10, 12, 13; 2-юм номаи Петрус 3:10-12.