Даъват барои интихоби дуруст

Ҳаёт моро бисёр вақт ба нуқтае мебиёрад, ки мо бояд қарор қабул кунем. Дар ҳақиқат, мо ҳар рӯз интихобҳои гуногун мекунем. Баъзе интихобҳоро мо бо фикру мулоҳизаи хеле кам мекунем. Дар ҳолатҳои дигар интихобамон фикру андешаҳои зиёд талаб мекунад. Одамон интихобҳои муҳимро бо эҳтиёткории зиёд қабул мекунанд. Савол дар он аст, ки барои шумо чӣ муҳим аст?

Вақте ки Худо одамро офарид, ба ӯ бартарии интихоб карданро бахшидааст. Мо наметавонем аз ин масъулият ва ё аз натиҷаҳои интихобамон саркашӣ кунем, чунки бисёр интихобҳо оқибати абадӣ дорад.

Биёед ба интихобҳои баъзе одамон дар Китоби Муқаддас нигоҳ кунем. Баъзе интихобашон нағз ва дигарашон на он қадар хуб буданд. Мусо, марди Худо интихоб кард, ки “бо қавми Худо уқубат кашад аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад” (нома ба Ибриён 11:25). Ӯ ба он мукофоте, ки бояд баъд аз ин маргаш меомад, нигоҳ мекард. Интихоби гурӯҳи имондорони масеҳӣ дар ҳақиқат интихоби оқилона аст.

Пеш аз тӯфон “писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд” (Ҳастӣ 6:2). Онҳо интихоби шаҳвонӣ карданд, ки бо нобудшавиашон анҷомид.

“Ва Лут тамоми водии Урдунро барои худ ихтиёр кард... ва хаймаҳои худро то Садӯм барафрошт.” (Ҳастӣ 13:11-12). Замин дар он ҷо ҳосилхез буд ва ӯ баракатҳои моддӣ дошт, лекин вақте ки Садӯм вайрон шуд, ӯ ҳамаашро аз даст дод.

Юсуф аз ҷавониаш қарор кард, ки поку ростқалб бошад, ва ӯ дар шоҳигарии Миср мукофоти олитарин гирифтааст (Ҳастӣ 41:41).

Еҳушаъ, хизматгори Худо, аз халқи Исроил даъват кард, ки “имрӯз барои худашон интихоб кунанд, ки киро ибодат хоҳанд намуд” (Еҳушаъ 24:15). Ӯ гуфт: “валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард.”

Мардум ҷавоб дод: “Мо Худовандро ибодат хоҳем кард.” То даме, ки онҳо тарси Худовандро доштанд ва бо вафодорӣ ба Ӯ хизмат мекарданд, онҳо комёб буданд.

Дар замони пайғамбар Илёс одамон корҳои бузургеро, ки Худованд барояшон кард, фаромӯш карданд ва бисёриҳо ба бутпарастии Баал рӯ оварданд, ки Худовандро ба ғазаби сахт овардааст. Худованд дар ин замони муҳим Илёсро ба таври бисёр ҷолиб истифода бурд, ки қуввати бепоёни худро нишон диҳад. Илёс дар кӯҳи Кармил оташро аз осмон ба замин хонд, ки қурбонии тайёркардаашро фаро гирифт, ва бо ин исбот кард, ки Худованд Худои ҳақиқӣ аст. Ӯ аз мардум пурсид: “То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо, — Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст, — варо пайравӣ намоед.” Баъд аз он, ки онҳо оташро диданд, «тамоми қавм инро диданд, ва бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Худованд Худост! Худованд Худост!» (3 Подшоҳон 18).

Дониёл, ки ӯро аз ҷавониаш ба замини Бобил ба асирӣ бурда буданд, дар дили худ қарор кард, ки худро бо хӯроки суфраи подшоҳ ва бо шаробе ки ӯ менӯшад, палид накунад (Дониёл 1:8). Дар натиҷа ӯ ва се шарикаш, ки мисли ӯ интихоби боҳиммат кардаанд, дар назари Худо ва подшоҳ лутф ёфтаанд. Агар онҳо инро интихоб намекарданд, саргузашти Дониёл дар чоҳи шерон ва дар бораи се рафиқаш дар кӯраи оташ дар Китоби Муқаддас навишта намешуд.

Исо ба мо масал дар бораи падар ва дур писараш нақл кард. Яктоаш қарор кард, ки қисми меросашро гирифта, ба кишвари дурдаст (ба тарафи гуноҳ) равад. Ин интихобаш нағз набуд. Баъд аз он, ки ӯ ҳамаашро сарф кард, ӯ фаҳмид, ки чӣ қадар хатои калон кардааст. Ӯ қарор кард, ки ба хонаи падараш баргардад. Барояш ҳар дуи онҳо ин вохӯрии хушбахтарин буд (Инҷили Луқо 15:11-32)!

Исоро дастгир карда, ба назди Пилотус оварданд. Яҳудиён дод мегуфтанд: “Агар Ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ”. Пилотус дар бораи ин ҳолат фикр мекард. Қайсар (тамоми ҷаҳон) ва Худованди ҷалол, ки дар наздаш меистод, дар пеши чашмонаш буданд. Ӯ интихоби худро кард ва Исоро ба маслубшавӣ маҳкум кард (Инҷили Юҳанно 19).

Интихоби ин ҷаҳон бо тамоми ҳаловатҳояш бо ҳалокат тамом мешавад (2-юм номаи Петрус 3:10-11).

Агар қарор кунӣ, ки бо фарзандони Худо тақдири якхела дошта бошӣ ба ҷои он, ки бо роҳи ин ҷаҳон равӣ, ин интихоби хубу хирадманд мешавад. Агар мо ба Масеҳ ҳамроҳ шавем, мо ба ҳузури машваратчию тасаллидиҳандаи бохирад мебиёем, ки моро дар ҳамаи қарорҳои зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дӯсту хонандаи азиз, оё ту қарор кардаӣ, ки Исоро пайравӣ кунӣ? Оё Исо барои ту аз ҳама дигарон дар ин ҷаҳон азизтару наздиктар аст? Оё ту роҳҳои Ӯро ҳамчун роҳҳои худ қабул кардӣ, зиндагии худро ба Ӯ бахшидаӣ ва ҳамаи гуноҳҳои худро эътироф карда, тарк кардӣ? Оё Каломаш барои ту пурарзиш ва аз ҳама китобҳои дигар ширинтар аст? Оё ту дар хона ё дар ҷои дигар барои худ ҷои пинҳон барои дуо ва муносибат бо Худованд ҷудо кардӣ? Агар ту ба Ӯ таалуқ дорӣ ва Ӯ Худованди ту аст, пас ту дар ҳолати бобаракаттарин ҳастӣ. Ин пешмазаи осмон аст ва интихоби дурусти ҳаррӯза моро ба хушбахтии беохир меоварад.