Масеҳият—ин чӣ аст?

Cross of Christ

Масеҳият дар Худо, Писари Ӯ Исои Масеҳ ва Китоби Муқаддас, ки Каломи Худо аст, асос ёфтааст. Масеҳӣ ин одаме аст, ки ба Китоби Муқаддас бовар мекунад ва аз рӯи таълимоти Исои Масеҳ зиндагӣ мекунад. Ин роҳи ҳаёт ба мо сулҳу осоиштагӣ ва хурсандӣ дар ин замин мебахшад ва моро барои хонаамон дар осмон тайёр мекунад.

Худо Падар

Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки фақат як Худо ҳаст, ки ҳамеша буд ва хоҳад монд. Худо ҳама чизро медонад ва донишу хирадаш беохир аст. Дар Китоби Муқаддас дар Масалҳо 15:3 гуфта шудааст: “Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд.” Худо дар ҳама ҷо аст ва метавонад дар айни вақт ба ҳар одам дар ҷаҳон диққати пурра бахшад. Мо метавонем дар ҳар ҷо ва дар ҳар вақт ба Худо дуо хонем. Ӯ дуоҳои моро мешунавад ва аз рӯи хости худ ҷавоб медиҳад. Фақат як Худо ҳаст, лекин Ӯ худро дар се шаҳсият зоҳир мекунад: Худо Падар, Худо Писар ва Худо Рӯҳи Муқаддас. Ин се шахсияти алоҳида ҳастанд, лекин онҳо дар ҳамоҳангӣ амал мекунанд, чунки ин се шахсият як аст.

Офариниш ва ба гуноҳ афтодани одамизод

Худо ҷаҳон ва ҳар чиро, ки дар он ҳаст, офарид. Дар панҷ рӯз Худо офтоб, моҳ, ситора, замин, об, паррандагону моҳиҳоро офарид. Дар рӯзи шашум Худо ҳамаи махлуқоти заминиро офарид ва пас одамро ба сурати худ офарид. Одам тоҷи офариниши Худо ва изҳороти муҳаббати Ӯ аст. Худо Одамро, якум инсонро офарид ва ӯ пок ва бегуноҳ буд. Худо мехост, ки одам ба Худо аз рӯи интихоби шахсиаш хизмат кунад. Худо ба Одаму Ҳавво як аҳкоми содда дод, лекин онҳо беитоатӣ карданд. Онҳо аз барои гуноҳашон аз Худо ҷудо шуданд. Аз барои беитоатиашон тамоми одамизод зери лаънати маргу гуноҳ афтоданд. Фақат Худо метавонист одамизодро халос кунад. Аз барои муҳаббаташ Худо “Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад (Инҷили Юҳанно 3:16).

Худо Писар

Исои Масеҳ Писари Худо аст. Исо ба ҷаҳон ҳамчун тифл омад, аз бокира бо қуввати Рӯҳи Муқаддас таваллуд шуд. Исо ҳамчун одами оддӣ зиндагӣ кард. Шайтон Исоро ба воситаи бисёр роҳҳо меозмӯд монанди он, ки моро ба озмоиш меандозад, лекин Исо ҳеҷ вақт гуноҳ накард. Исо ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва беморони бисёрро шифо мебахшид. Исо мардумро дар бораи наҷот ва муҳаббати Падараш таълим медод. Мақсади омаданаш ба замин дар он буд, ки ҷонашро барои гуноҳи тамоми ҷаҳон фидо кунад. Вақте ки Исо бар зидди гуноҳу худпарастии одамон мавъиза мекард, роҳбарони динӣ аз Ӯ ба хашм меомаданд. Онҳо Исоро ба мақомоти ҳокимият супурданд ва Ӯро маслуб карданд. Баъд аз марги Исо дар салиб шогирдонаш ҷасадашро дар қабр ниҳоданд. Дар рӯзи сеюм Исо бо қуввати Худо аз мурдагон зинда шуд. Пеш аз он, ки Исо ба осмон баргардад, Ӯ пайравонашро таълим медод, ки чӣ тавр подшоҳии Худоро пойдор кунанд.

Худо Рӯҳи Муқаддас

Рӯҳи Муқаддас шахсияти сеюми Худо аст. Ӯ хости Худоро ба одамон ошкор мекунад. Ӯ одамонро барои бутпарастию гуноҳкориашон фош мекунад. Ӯ одамонро даъват мекунад, ки қурбонии Исои Масеҳро ҳамчун кафорати гуноҳҳояшон қабул кунанд. Худо бахшоиши Рӯҳи Муқаддасро ба онҳое медиҳад, ки ба Худованд Исои Масеҳ бовар мекунанд. Ӯ тасаллидиҳанда дар ҳамаи душвориҳои зиндагӣ аст, тасаллибахш дар ҳамаи бадбахтиҳо аст. Ӯ одамонро барои беадолатиашон фош мекунад ва онҳоро ба ростии пурра роҳнамоӣ мекунад.

Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас ин Каломи Худо аст ва паёмӣ Ӯ ба одамизод аст. Ин китоб аз тарафи одамон сохта нашудааст, лекин аз ҷониби одамони муқаддаси замони қадим зери илҳоми Рӯҳи Муқаддас навишта шудааст. Дар Китоби Муқаддас дар бораи офариниши ҷаҳону одам навишта шудааст. Дар он ҷо гуфта шудааст, ки ҳама одамон гуноҳ кардаанд ва гуноҳ одамро аз Худо ҷудо мекунад. Инчунин дар Китоби Муқаддас роҳи наҷот нишон дода шудааст, ки ҳамаро аз асирии гуноҳ озод карда метавонад. Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр зиндагии росткор дошта бошем ва ба абадият тайёр шавем.

Зиндагӣ кардани ҳаёти масеҳӣ

Барои масеҳӣ шудан мо бояд фаҳмем ва қабул кунем, ки мо гунаҳкор ҳастем. Мо бояд гуноҳҳои худро эътироф кунем ва Худованд Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул кунем. Вақте ки мо ҳаёти худро ба Худо месупорем, Ӯ моро бо Рӯҳи Муқаддас пур мекунад. Қуввати Рӯҳи Муқаддас, ки дар мо аст, ба мо қувват медиҳад, ки мо дигаронро дӯст дорем ва онҳоро бубахшем. Шахси масеҳӣ кӯшиш мекунад, ки дилашро дар покӣ нигоҳ дорад, самимӣ ва ростқалб бошад. Вақте ки мо меафтем, Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ [Худо] амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.” (1-ум номаи Юҳанно 1:9).

Баъд аз марг

Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки барои ҷонамон фақат ду ҷои абадӣ вуҷуд дорад – ин осмон ё дӯзах. Вақте ки мо вафот мекунем, ҷонамон аз бадан ҷудо мешавад ва интизори доварии ниҳонии Худо мешавад. Дар вақти доварӣ одамони наҷотёфта ба осмон даъват мешаванд. Ҳамаи онҳое, ки Худоро рад кардаанд, ба дӯзах фиристода мешаванд. Дӯзах ҷои даҳшатнок аст. Ин чуқурии беҳади оташи тафсон аст, ки барои шайтону девҳояш тайёр шудааст. Ҳамаи онҳое, ки ба овози Исо итоат накардаанд, лекин дидаву дониста ҳаёти пургуноҳ доштанд, бе ягон умед абадан месӯзанд.

Осмон ҷои сукунати Худо аст. Ин ҷои зеботарин бо сулҳу осоиштагӣ ва оромии комил аст, ки Худо тайёр кардааст. Дар осмон дигар ҳеҷ мусибат ва дард, ҳеҷ гуруснагӣ ва беморӣ намешавад. Осмон хона барои ҳамаи онҳое хоҳад буд, ки гуноҳро тарк карданд ва Исоро ҳамчун Наҷотбахши худ қабул карданд. Дар осмон наҷотёфтагон ҳамеша Худоро суруд ва ҳамду сано мехонанд.