Нақшаи Аҷоиби Худо Барои Наҷот

Нури ҷаҳон

Китоби Муқаддас каломи Худо ва ҳақиқати абадӣ аст. Дар он таърихи офариниш, беитоатии одам ба Худо ва азобу уқубате, ки ба сари одам аз барои гуноҳ омад, нақл шуда аст. Инчунин он дар бораи муҳаббати Худо ба одамизод ва нақшааш барои наҷот додани он нақл мекунад. Китоби Муқаддас дар бораи он нақл мекунад, ки Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, барои гуноҳи одамон ҷон дод ва барои наҷоти онҳо аз мурдагон зинда шуд. Ҳар касе ки ба паёми он бовар кунад, гуноҳҳояш бахшида мешавад, дилу ақлаш бо оромӣ ва нисбати ҳама одамон бо муҳаббат пур мешавад, аз болои гуноҳ қувват пайдо мекунад ва соҳиби умеди ҳаёти абадӣ мешавад.

Офариниши аҷоиби Худо

Худо, ки офарандаи коинот аст, ҳама вақт вуҷуд дошт. Ӯ дар ҳама ҷо аст; Ӯ пурқудрат ва пурҳикмат аст. Ҳама чиз бо қуввати бузургаш офарида шудааст. Худо ин заминро офарид ва об онро рӯпуш мекард, ва баъд Ӯ гуфт: “Бигзор хушкӣ пайдо шавад” ва чунин шуд. Ӯ теппа ва водиҳоро офарид, ва онҳоро бо алаф, гулҳои зебо ва ҳар намуди дарахт пушонид. Ӯ паррандагонеро офарид, ки ин қадар сурудҳои гуногун мехонанд. Худо ҳамаи ҳайвонҳоро офарид, хурду калон, ки дар дашту беша мегарданд, инчунин хашароти майда ва хазандагонро, ки дар даруни хок зиндагӣ мекунанд, офарид. Ӯ кӯлу уқёнусҳоро ва ҳамаи ҷонваронро дар дохили онҳо офарид. Ӯ қитъаҳоро офарид, то ки одамон аз ҳар нажод зиндагӣ кунанд. Худо офтобро офарид, ки нуру гармӣ диҳад, ва моҳро офарид, ки дар вақти шаб рушноӣ диҳад. Ӯ осмонро бо ҳазорҳо ситораҳои зебову дурахшон оро дод. Дар охир Худо одамро аз хоки замин шакл дод. Ӯ нафаси ҳаётро ба биниаш дамид ва одам ҷони зинда шуд. Худо ӯро одам номид.

Худо дид, ки ба одам мададгор лозим аст ва барои ҳамин хоби сахте бар одам овард. Баъд Худо яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт ва аз он зане сохт. Одам Ҳавворо дӯст дошт ва Ҳавво ҳам ӯро дӯст медошт. Онҳо бо якдигарашон муносибати ширин доштанд. Ин нақшаи Худо барои оила буд.

Худо ҳамаашро дар давоми шаш рӯз офарид ва дар рӯзи ҳафтум Ӯ аз ҳамаи корҳои худ ором гирифт. Худо ба ҳар чизе, ки офарида буд, нигоҳ кард, ва дид, ки он хеле хуб аст. Инак Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод ва онро ҳамчун рӯзи истироҳати одам тақдис намуд.

Дар Китоби Муқаддас дар бораи фариштаи афтода номаш шайтон ё иблис нақл мешавад. Ӯро аз осмон рондаанд ва ӯ боиси тамоми зулмот аст. Ғаму андӯҳ, азобу уқубат, беморӣ ва марг аз барои ӯ ба ҷаҳон омад.

Оғози фоҷиабори гуноҳ

Худо Одаму Ҳавворо дӯст медошт. Ӯ боғи зеборо офарид, то ки онҳо дар он зиндагӣ кунанд. Он боғи Адан ном дошт. Одам мебоист онро нигоҳдорӣ кунад. Дар ин боғ намудҳои гуногуни меваю сабзавот барои хурданашон буд. Дар он як дарахте буд, ки номаш дарахти маърифати неку бад буд. Худо ба Одам гуфт, ки зинҳор аз он нахӯрад, чунки дар рӯзе ки аз он хӯрад, ҳатман хоҳад мурд. Рӯзе шайтон ба назди Ҳавво омада, ба ӯ дуруғ гуфт. Вай гуфт: “Не, нахоҳед мурд; ...шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд.” (Ҳастӣ 3:4-5).

Зан ба меваи ин дарахти зебо нигоҳ карду дид, ки он барои хӯрок хуб аст ва хӯрдани он ақлу хирад мебахшад. Ӯ меваро гирифту ба Одам ҳам дод, ва ҳар дуи онҳо аз он хӯрданд. Ҳамон лаҳза онҳо дар дилашон худро хеле айбдор ҳис карданд. Пеш аз ин онҳо ҳеҷ вақт чунин ҳис намекарданд. Онҳо донистанд, ки кори хеле нодуруст карданд. Ҳангоме ки онҳо дар бораи беитоатиашон фикр карданд, ҳар дуи онҳо худро бисёр шармгин ҳис карданд. Вақте ки онҳо дар бораи он фикр карданд, ки бояд бо Худо рӯ ба рӯ шаванд, тарс дили онҳоро фаро гирифт. Ва онҳо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.

Худо дар салқинии рӯз Одамро хонда, гуфт: “Куҷоӣ ту?” Онҳо аз пеши Худо пинҳон шуда наметавонистанд ва аз барои ҳамин ба ҳузураш омада, кори нодурусти худро эътироф карданд. Худо ба фаҳмишашон расонд, ки дар натиҷаи беитоатиашон ба аҳкоми Худо онҳо гуноҳи калон карданд. Худо ба онҳо гуфт, ки онҳо барои беитоатиашон бояд ҷазо гиранд. Акнун дар зиндагиашон дарду ташвиш пайдо мешавад. Акнун онҳо барои хӯроки худро пайдо кардан бояд заҳмат кашанд. Баданашон пир ва фарсуда мешавад. Онҳо мемуранд ва ба хок бармегарданд.

Баъд аз он ки онҳо аз ин боғи зебо ронда шуданд, Худо фариштаҳои каррубиёнро бо шамшери оташбор гузошт, ки онҳо дигар аз дарахти ҳаёт нахӯранд. Онҳо оқибати гуноҳ ва чӣ қадар азобу уқубати калон он меоварад фаҳмиданд.

Натиҷаи ғамгиновари гуноҳ

Одаму Ҳавво барои гуноҳи беитоатиашон ба Худо хеле афсӯс мехӯрданд. Худо ба гуноҳашон нигоҳ накарда, то ҳол онҳоро дӯст медошт. Ӯ ваъда кард, ки Наҷотдиҳандаро барои наҷоти одамизод мефиристад.

Қобилу Ҳобил ду писари аввали Одаму Ҳавво буданд. Рӯзе онҳо ба Худованд қурбонӣ оварданд. Қобил маҳсули заминеро, ки парвариш карда буд, барои қурбонӣ ба Худованд овард. Ҳобил барраи беҳтаринро аз рамаи худ оварда, онро қурбонӣ карду хуни онро резонд. Қурбонии Ҳобил ба Худо писанд омад, лекин Худо аз Қобил ва ҳадияаш розӣ набуд.

Вақте ки Қобил дид, ки Худо аз Ҳобил розӣ аст, ҳасаду нафрат нисбати Ҳобил ба дилаш дохил шуд. Пас як рӯз онҳо ҳамроҳ дар саҳро буданд ва Қобил қиём карда, бародараш Ҳобилро кушт. Худованд аз Қобил пурсид: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Қобил ростиро гуфтан намехост ва гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?» (Ҳастӣ 4:9) Қобил дар иҷрои аҳкому дастури Худо итоаткор набуд. Худо ӯро пеш аз куштани Ҳобил огоҳ карда буд, ки агар кори неку дуруст кунад, мақбул мешавад. Кош ӯ муносибаташро дигар карда, бародарашро дӯст медошт! Гуноҳ бори дигар одамро аз ҳузури Худо ҷудо сохт. Қобил гуреза ва оворагард шуд.

Худо чунон ҷаҳонро дӯст дошт, ки Писари худро дод

“Имрӯз барои шумо…Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст” (Инҷили Луқо 2:11).

Баъд аз он ки Ҳобил мурд ва Қобил аз хонааш рафт, Одаму Ҳавво боз писардор шуданд. Номаш Шет буд. Шет одами худотарс буд. Худо насли Шетро баракат дод. Онҳо ваъдаи аҷоиби Худоро дар бораи Наҷотдиҳанда, ки рӯзе онҳоро раҳо медиҳад, шунида, ба он бовар карданд. Иброҳим ба таври махсус ба Худо бовар кард ва барои ҳамин ӯ дӯсти Худо номида шуд. Ба Иброҳим ваъда дода шуд, ки ба воситаи наслаш ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд ёфт.

Бисёр садсолаҳо баъд аз он Худо ваъдаашро дар бораи фиристодани Наҷотдиҳанда ба ҷаҳон иҷро кард. Ин ба таври мӯъҷизакор дар шаҳри хурди Байт-Лахм дар Яҳудо рӯй дод. Дар он ҷо дар оғил Марями бокира кӯдакеро ба дунё овард. (Инҷили Луқо 2:1-7). Фариштае ба Марям гуфт, ки кӯдакро Исо ном монад (маънояш Наҷотдиҳанда аст). Ӯ устоди бузург хоҳад шуд, ки одамонро бисёр чизҳоро дар бораи Худо таълим хоҳад дод. Исо аксаран монанди кӯдакони дигар калон шуд. Дар дувоздаҳсолагиаш Ӯ каломи Худоро аз бисёр китобдонону донишмандон дар Иерусалим нағзтар мефаҳмид. Ӯ ҳамаашро дар бораи навиштаҷоти шариату пайғамбарон медонист. Ҳар саволе, ки ба Ӯ медоданд, Ӯ ҷавоб медод.

Исо ба мӯҳтоҷиҳои халқи худ бисёр шавқманд буд. Вақте ки Ӯ сисола шуд, Ӯ дар куништҳо таълим доданро сар кард. Рӯзе Ӯ як пешгӯиро дар бораи омадани Масеҳ аз Аҳди Қадим хонд. Баъд аз хонданро тамом кардан Ӯ ба мардум гуфт: “Имрӯз ин навишта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст” (Инҷили Луқо 4:21). Ӯ одамонро бо қудрат таълим медод. Ӯ мавъиза мекард, ки Подшоҳии Худо наздик шуд ва одамон бояд тавба кунанд, то ки ба Подшоҳӣ дохил шаванд. Ӯ одамонро таълим медод, ки Худоро дар фурӯтанӣ ва ростқалбӣ парастиш кунанд. Ӯ мағрурону беимононро аз барои гуноҳҳояшон сарзаниш мекард ва Хушхабари муҳаббатро ба одамони бенаво ва мӯҳтоҷ мавъиза мекард.

Исо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад

Исо гуфт: “Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд” (Инҷили Юҳанно 11:25).

Исо мӯъҷизаҳои бисёр карда, ба одамон исбот кард, ки Ӯ Наҷотдиҳандаи ваъдашуда аст ва Худо Ӯро фиристод. Ӯ беморонро шифо медод, ба кӯрон биноӣ мебахшид, гӯшҳои карро мекушод, девҳоро берун мекард ва мурдагонро зинда мекард. Ӯ болои об роҳ гашт ва тӯфони баҳрро бо суханаш ором кард. Ӯ ба дарахти анҷир фармуд ва он рӯзи дигар то решааш хушк шуд. Ӯ бо панҷ нону ду моҳӣ зиёда аз панҷ ҳазор одамони гуруснаро сер кард. Вақте ки ҳама сер шуданд, дувоздаҳ сабатро бо нонпораҳо пур канданд. Вақте ки торҳои моҳигириро аз рӯи гуфтаи Ӯ партофтанд моҳигирон моҳиҳои хеле бисёр қапиданд. Як рӯз Исо бо даҳ касали маҳавӣ рӯ ба рӯ шуд, ки дар бораи ҷалолаш шунида буданд. Онҳо дод гуфтанд: “Оғо, ба мо марҳамат кун.” Онҳо аз рӯи суханонаш шифо ёфтанд.

Тӯдаҳои калон ҳар рӯз Исоро пайравӣ мекарданд, хоҳ Ӯ дар шаҳр буд ё дар роҳ сафар мекард. Одамон аз суханони пурфайзу некиаш, раҳмдилию мӯъҷизаҳояш баракат меёфтанд.

Ӯ ба одамон мегуфт, ки Ӯ Писари Худо аст ва Худо Падари Ӯ аст. Ҳамаи одамоне, ки ба суханонаш бовар мекарданд, баракат меёфтанд. Ӯ ба одамоне, ки ба суханонаш бовар мекарданд, мегуфт ки онҳо фарзандони Худо ҳастанд.

Исо ба шогирдонаш гуфт: “Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам. Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.” (Инҷили Юҳанно 14:2-3). Ин ҷой дар осмон барои ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ аст.

“Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред” (Инҷили Матто 25:34).

Исо барои гуноҳои мо ҷон дод

“Ва чун ба ҷое…расиданд, дар он ҷо Ӯро…маслуб карданд.” (Инҷили Луқо 23:33).

Китобдонону фарисиён аз Исо ва таълимоташ бисёр қаҳролуд буданд. Ӯ бисёр вақт онҳоро мазаммат мекард барои он, ки онҳо шаъну шарафро меҷӯстанд ва ба таври ғайриқонунӣ аз одамон сум металабиданд. Онҳо аз Исо рашк мекарданд ва ҳасад мебурданд, чунки хеле одамони бисёр ба Исо имон доштанд ва Ӯро ситоиш мекарданд. Онҳо метарсиданд, ки одамон Исоро подшоҳ мекунанд.

Онҳо кӯшиш мекарданд, ки Исоро барои гуфтан ё кардани ягон чизи нодуруст водор созанд, ки одамон аз Ӯ ноумед шаванд, лекин Исо барои онҳо хеле бохирад буд. Нафрату ғазабашон меафзуд, вақте ки маъруфияти Исо боз ҳам зиёд мешуд. Ғазабашон он қадар калон шуд, ки онҳо қарор карданд, то ки Ӯро бикушанд.

Онҳо Исоро ба суд бурда, Ӯро ҳамчун ҷинояткору куфргӯй ва бадгӯй доварӣ карданд. Онҳо бар зидди Ӯ бисёр айбдориҳои бардуруғ бароварданд. Баъд Ӯро ба назди Понтиюс Пилотус, ҳокими румӣ дар Яҳудо, оварданд. Пилотус дар Исо ягон айб наёфт ва мехост Ӯро халос кунад. Аммо айбдоркунандагонаш тӯдаи хашмгин шуда, дод гуфтанд: “Ӯро маслуб кун, Ӯро маслуб кун”. Вақте ки Пилотус доду таҳдидҳои пурғазаби онҳоро шунид, вай ба талаби онҳо даромад ва Исоро ба дасташон супорид. Онҳо Исоро гирифта, ба сараш тоҷи аз хор бофташуда монданд ва масхара карда, Ӯро подшоҳ мегуфтанд. Онҳо ба рӯяш туф карданд ва Ӯро золимона заданд. Дар охир онҳо Ӯро ба салиб меҳкуб карданд ва дар салиб монданд, то ки Ӯ ҷон диҳад.

Исоро беайб ба қатл расонданд монанди баррае, ки Ҳобил чанд садсолаҳо пеш аз он дар қурбонгоҳ қурбонӣ карда буд. Қурбонии барраи Ҳобил тимсоли Барраи Худо буд, ки рӯзе барои гуноҳҳои ҷаҳон хоҳад мурд. Пайғамбарони қадим ҳам азоб ва марги Исоро пешгӯӣ карда буданд. Яҳёи Таъмиддиҳанда гуфт: “Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад” (Инҷили Юҳанно 1:29). “Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.” (Инҷили Юҳанно 3:16).

Исо аз мурдагон зинда шуд, то ки моро озод кунад

“Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳё шуд; биёед, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед” (Инҷили Матто 28:6).

Дар рӯзи сеюм баъд аз маргу дафн шудани Исо, ки он рӯзи якуми ҳафта буд, якчанд зан ба назди қабраш барои молидани ҷасадаш бо равғанҳои атрафшон омаданд. Азбаски ин субҳи хеле барвақт буд, онҳо бисёр ҳайрон шуданд, вақте ки қабри холиро диданд. Ҷасади Исо нест шуд! Онҳо хавотир шуданд. Баногоҳ ду фаришта бо либоси дурахшон дар пешашон истода, гуфтанд: “Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон ҷустуҷӯ мекунед? Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳё шуд” (Инҷили Луқо 24:5-6). Онҳо тез рафта, ба шогирдонаш дар бораи чизи дидагиву шунидагиашон гуфтанд. Шогирдон ба гуфтаашон бовар накарданд, ва Петрус ва Юҳанно ба назди қабр рафтанд, то ки шахсан онро тафтиш кунанд. Онҳо ҳам қабри холиро ёфтанд. Онҳо ба даруни қабр даромада, кафани холӣ ва рӯймолеро, ки бар сари Исо буд, алоҳида печидашуда диданд. Вақте ки инро диданд, ба сухани занҳо бовар карданд. Шоми ҳамон рӯз шогирдон ҳамроҳ паси дари баста аз тарси яҳудиён ҷамъ шуда буданд. Ногаҳон Исо дар миёни онҳо истод ва гуфт: “Салом бар шумо бод!” Ӯ ба онҳо сӯрохҳо дар дастонаш аз меҳ ва сӯроҳро аз найза дар қабурғааш нишон дод. Вақте ки онҳо Худовандро диданд, онҳо хурсанд шуда, бовар карданд, ки Ӯ ҳамон Исо аст, ки маслуб шуда, аз мурдагон зинда шуд. Баъд аз он ҳамчун исботи пурраи зинда шуданаш Исо ба бисёр одамони дигар зоҳир шуд.

Ҳамон субҳе, ки Исо аз мурдагон зинда шуд, то ҳол рӯзи пурҷалолтарини таърих аст. Дар он рӯз нақшаи аҷоиби Худо барои наҷот додани одамизод амалӣ шуд. Вақте ки одамон ба маргу зинда шудани Исо бовар мекунанд, ин нақшаи наҷот дилу зиндагии онҳоро ба воситаи файзи Худо дигаргун месозад. “Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.” (2-юм Қӯринтиён 5:17). Акнун ҳар касе, ки Исоро ба дилаш қабул мекунад ва то охири умраш дар итоаткорӣ Ӯро пайравӣ мекунад, эҳё хоҳад шуд ва абадан дар осмон хоҳад буд. Исо гуфт: “Азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист” (Инҷили Юҳанно 14:19).

Оё ин паём ба дилат таъсир кард? Ҷавоби ту чист? Оё ту тавба карда, ба Хушхабар бовар мекунӣ? “Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем” (Аъмоли ҳаввориён 4:12). Кашола карда, дер накун. Имрӯз ба назди Исо биё.