Озодӣ аз тарс

Тарс чӣ аст? 

Тарс аз Худо 

Тарс аз оянда

Тарс аз нокомшавӣ 

Тарс аз азобкашӣ

Тарс аз марг

Тарс чӣ аст

Тарс душмани ниҳон аст ва одамони ҳар синну сол ва миллат, ҳар сатҳи зиндагиро гирифтор мекунад. Тарс ҳилагар ва барбоддиҳанда аст, он фикронии моро заҳролуд мекунад, осоиштагии дарунии моро медуздад ва шавқу таъми зиндагиро нобуд мекунад. Тарс моро асабонӣ, нороҳат, серташвиш, пурҳаяҷон, ғамгин ва беҷуръат мекунад; чӣ гуна ҳиссиёти нохушу номатлуб!

Мо аз ҷанҷол ва дигаргунӣ, нокомӣ ва рӯҳафтодагӣ метарсем. Баъзе одамон аз беморӣ ва азобкашӣ метарсанд. Дигарон метарсанд, ки азизони онҳо осеб мебинанд. Баъзеҳо аз одамони дигар ва фикри онҳо метарсанд. Дигарон аз торикӣ ё аз танҳо мондан метарсанд. Бисёриҳо аз мурдан ва аз чизҳои номаълум метарсанд. Масеҳиёне ҳастанд, ки метарсанд ки наҷоти онҳо мустаҳкам нест, ё аз он, ки Худо гуноҳҳояшонро набахшида бошад. Онҳо на фақат аз мурдан метарсанд, лекин инчунин аз зиндагӣ кардан ҳам метарсанд.

Тарс бисёр оҳиста ва хомӯшона ба ақламон медарояд ва мо бисёр вақт пайхас намекунем, ки гирифтори таъсири вайронкунандаи он шудаем. Ҳатто тарси хурдакак, ки монанди қатраи ранг дар пиёлаи об аст, ҳамаашро беранг мекунад. Агар ин ҷараёни хурдакаки тарс манъ нашавад, он ба дарёи васеъ табдил меёбад ва фикрҳои дигар ба он ҷорӣ мешаванд.

Зиндагӣ мураккаб аст, олам золим аст, лекин нооромии беруна набояд оромии даруниро вайрон кунад. Мо бояд бо тарсе, ки дар даруни мо ҳаст, рӯ ба рӯ шавем. Вақте ки мӯҳтоҷии муҳимтарини мо қонеъ намешавад, тарс меояд. Ҷони мо, ки ба шабоҳати Худо офарида шуд, сӯи Худо фарёд мекунад. Вақте ки мо аз Худо дур ҳастем, мо аз воҳима, ҳиссиёти манфӣ ва тарс пур шуда метавонем.

Шайтон аз тарсҳои мо дар пуррагӣ истифода мебарад. Вай ҳар имкониятро истифода мебарад, ки тарсҳои моро зиёдтар кунад ва вонамуд мекунад, ки онҳо боз ҳам воқеитар ва мантиқӣ намоянд. Роҳи мо хиратару ториктар мешавад ва бори диламон он қадар гаронтару вазнинтар мешавад, ки мо тамоми умед барои халос шудан аз даст медиҳем.

Шайтон дар торикӣ кор мекунад. Вай дар нур амал карда наметавонад, чунки “Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест” (1-ум Юҳанно 1:5). Шайтон сустиҳои моро медонад ва дар ин соҳаҳо ба мо фикру тарсҳои худро медиҳад.

Вай кӯшиш мекунад ҳақиқатро несту нобуд кунад ва моро бо дурӯғ моро фиреб диҳад. Агар мо ин чизҳоро дар торикии дилу ақламон пинҳон кунем, пас шайтон кори золимашро барои овардани рӯҳафтодагӣ ва тарс давом медиҳад. Агар мо шайтонро бо нур фош кунем, ӯро мағлуб кардан мумкин аст ва қувваҳои ӯро пеш карда метавонем.

Худотарсӣ

Гуноҳ тарси бузургро ба вуҷуд меоварад, ки аз донистани он бармеояд, ки зиндагии мо ба Худо писанд нест. Ин рӯзи фоҷиовар буд, вақте ки Одаму Ҳавво ба пешниҳоди шайтон таслим шуданд ва ба аҳкоми Худо беитоатӣ карданд, ки гуфта буд, ки аз дарахти дар васати боғ нахӯранд. Онҳо ба воситаи беитоатиашон гуноҳ карданд ва баъдтар аз ҳузури Худо пинҳон шуданд. Он шом Худо онҳоро хонд ва Одам гуфт: “Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам” (Ҳастӣ 3:10). Баъд аз он тамоми одамизод аз насл ба насл зери сояи тарс афтоданд. Агар ин тарс аз доварии Худо одамро барои тавба кардан барои гуноҳҳояш водор кунад, он дар зиндагии одам қуввати мусбат шуда метавонад. “Тарси Худованд ибтидои ҳикмат аст” (Забур 110:10). Ин эҳтиром ва тарс бисёр дуруст аст, ки мо нисбати Худо ҳис мекунем. Мо қисман бузургии Худоро, адолату довариаш, муҳаббату марҳаматаш, ҳикматаш ва вуҷуди абадиашро мебинем. Худо ҳамадон ва пурқудрат аст ва дар ҳама ҷо ҳузур дорад. Мо мефаҳмем, ки худи ҳастии мо пурра дар дастони Худо ҳаст ва мо ҳамчун офаринишаш пеши Ӯ ҳастем. Мо метарсем, ки Худоро ба ғазаб биёрем. Мо медонем, ки  аз рӯи адолати Худо онҳое, ки дар гуноҳ зиндагӣ мекунанд, ба оташи дӯзах доварӣ мешаванд: “Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, — дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад, балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки хасмҳоро ба коми худ хоҳад кашид.” (Ибриён 10:26-27). Аз барои донистани ин мо аз гуноҳ кардан метарсем. Вақте ки мо Худоро ҳамчун дӯсти худ ба воситаи тавба, бахшиш ва итоаткорӣ мешиносем, он вақт нияти хизмати мо ба Худо худотарсӣ, муҳаббат ва миннатдорӣ барои бахшоиши наҷоти ногуфтаниаш мешавад. “Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.” (1-ум Юҳанно 4:18). Худотарсӣ ин тарсе нест, ки диламонро бо ваҳму ҳарос пур мекунад, лекин худотарсӣ муҳаббати моро нисбати Худо зиёд мекунад. Вақте мо худотарсиро ба зиндагии худ пурра қабул мекунем, он қодир аст, ки ҳар тарси дигарро мағлуб кунад. Пас чаро ин қадар одамони зиёд ба тарс иҷозат медиҳанд, ки дили онҳоро забт кунад, ақли онҳоро нороҳат кунад ва роҳи зиндагии онҳоро хира кунад? Роҳи Худо ин роҳи сулҳу осоиштагӣ ва боварӣ аст.

Дар як ҳикоя дар бораи кӯдаке нақл мешавад, ки дар шаби торик дар танҳоӣ гаштан метарсид, лекин вақте ки падараш ӯро аз дасташ гирифта, дар наздаш мерафт, тамоми тарс нест мешуд. Акнун дар торикӣ ягон тарс набуд, чунки кӯдак падарашро дӯст медошт ва ба ӯ бовар мекард, ва медонист, ки падараш барои вай ғамхорӣ мекунад. Ин барои мо калид аст, ки мо аз тарс озод бошем: мо бояд Падари осмониамонро нағз шиносем. Ҳангоме ки мо Худоро мешиносем, мо пурра ҳаёти худро ба Ӯ бовар мекунем ва дасти худро бетарс ба дасти Ӯ медиҳем. Мо дар фурутанӣ аз Ӯ ҳамаи он саволҳое, ки ақли моро ташвиш медиҳанд, мепурсем ва ҳамаи он ғами зиндагиро, ки моро ноумед мекунанд, ба Ӯ нақл мекунем.

Мо намунаи ибрати ҳаввори Петрусро дидем, вақте ки Исо ба ӯ гуфт, ки дар байни тӯфону мавҷҳо болои оби баҳри Ҷалил роҳ равад. Петрус наметарсид то даме, ки чашмонашро ба Худованд нигоҳ медошт ва ба мавҷҳои тарсовар нигоҳ намекард. Лекин вақте ки ба мавҷҳо нигоҳ кард, вай ғарк шуданро сар кард (Инҷили Матто 14:24-31). Вақте ки мо кӯшиш мекунем аз тарс озод шавем ва боварии худро ба Худо гузорем, он вақт Рӯҳаш ба мо бо овози ором гап мезанад. Вақте ки мо на ба тарсҳои худ, лекин ба Худо нигоҳ мекунем, тӯфон дар атрофи мо ором мешавад. Он гоҳ Худо метавонад ба саволҳои душворамон ҷавоб диҳад, шакку шубҳаҳои моро бо боварӣ иваз кунад ва дасти моро гирифта, моро тасаллӣ диҳад. Мо ба воситаи файзаш таъсири фалаҷкунандаи тарсро фалаҷ мекунем.

Тарс аз оянда 

Чизҳои ниҳону номаълуми оянда баъзе одамонро нороҳат мекунанд. Онҳо ҳар рӯз дар рӯзи пешгӯинашаванда бедор мешаванд. Вақте ки фикрҳояшон ба роҳҳои торики тарси хаёлӣ меравад, онҳо бо гуфтаи “агар ин рӯй диҳад” дучор мешаванд. “Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед” (Филиппиён 4:6). Вақте ки мо ояндани худро ба дастони Худо бовар мекунем, мо метавонем бори номаълумиро ба Ӯ супорем. Кӯшиш кун ва худат бин!

Бисёриҳо аз оянда метарсанд, чунки барои зиндагии худ ягон самту роҳнамоӣ надоранд. Онҳо намедонад ба куҷо рафта истодаанд ва дар дилашон гувоҳӣ дар бораи рӯй додани чизҳои бад ҳаст. Худо медонад, ки дар пеш чӣ истодааст, ва вақте ки мо ба Ӯ иҷозат медиҳем, ки моро роҳнамоӣ кунад, зиндагиамон дигар сафари бемақсад намешавад, балки ин роҳ сӯи хона мешавад.

Худо ваъда кард, ки нисбати онҳое, ки ба Ӯ бовар мекунанд, вафодор мемонад, ҳатто агар онҳо бо ояндаи номаълум рӯ ба рӯ мешаванд. Оё ба ин бовар мекунӣ? Новобаста аз он, ки чӣ қадар тӯфон сахт аст, чӣ қадар шаб торик аст ё чӣ қадар кӯҳ баланд аст, Худо туро аз он мегузаронад.

Тарс аз нокомшавӣ

Мо хоҳиш дорем, ки ба як чизи назаррас ноил шавем, лекин аз ноком шудан метарсем, дар чашми оилаи худ ё дар худи зиндагӣ ноком мешавем. Мо метарсем, ки қарори нодуруст мекунем ва нақшаи нодурустро иҷро мекунем.

Худо ба Ҷошуа фармуд: “Қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст” (Еҳушаъ 1:9). Вақте ки мо ҳаёти худро зери роҳбарии Оғо мегузорем, шояд нокомёбиҳои гузашта тамом намешаванд; лекин онҳо қадамҳои оянда сӯи муваффақият мешаванд.

Тарс аз азобкашӣ

Аз фикри дарди ҷисмонӣ, озори танқид, алами танҳоӣ ва ғаму ғусса дили ҳамаи мо ба танг меояд. Худо моро аз тамоми азобу уқубат муҳофизат намекунад, лекин Ӯ ба мо файз мебахшад, ки онро бардошт кунем. Ӯ ваъда кардааст, ки дар байни мусибатҳоямон ба мо оромӣ ва мустаҳкамӣ мебахшад. “Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад; бинобар ин нахоҳем тарсид” (Забур 45:2-3). Агар мо Худовандро дӯст дорем, Ӯ азобу уқубати моро барои нафъи мо истифода мебарад.

Азобу уқубат ба мо имконият медиҳад, ки ҳузуру қуввати ёрирасони Худоро шиносем. Инчунин он хислати моро чуқур мекунад ва ба диламон фаҳмиш меорад. Азобу уқубат ё моро обод карда ва сохта метавонад ё шикаст дода метавонад. Бо ту кадомаш рӯй медиҳад?

Тарси марг

Тарси марг барои одамизод бисёр одатӣ аст. Видоъ гуфтан вазифаи душвортарин аст.

Мо бояд бо саволи қадимӣ рӯ ба рӯ шавем: “Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?” (Айюб 14:14). Исо омад, то ки моро аз тарси марг озод кунад (Ибриён 2:14-15). Аз барои ҳамин Исо дар салиб ҷони худро дод ва аз мурдагон зинда шуд, ва аз барои ҳамин Ӯ ваъда кард: “Азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист” (Инҷили Юҳанно 14:19). Агар мо бо Ӯ бошем, марг дар сӯи нестию фано нест, лекин он дарвозаи дурахшон ба ҳаёти нав аст. “Дили шумо музтариб нашавад… Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст... Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам” (Инҷили Юҳанно 14:1-2). Ин ҷои тайёршуда барои одамони тайёршуда мешавад.

Оё ту тайёр ҳастӣ? Оё ту барои ҳаёти пургуноҳат тавба кардаӣ? Тавбакунӣ ин афсӯсхӯрӣ барои гуноҳҳои гузашта ва рӯй гардондан аз ҳаёти гузашта. Кай ту бори охирин ба назди Худованд дар дуо омада, бори андӯҳ, ғаму ғусса ва тарси худро ба Ӯ додаӣ? Исо гуфтааст: “Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид” (Инҷили Матто 11:28). Чӣ даъват аст! Чӣ ваъда аст!

Бо боварӣ, дуо ва умед биё ва ту оромии ҷонӣ пайдо хоҳӣ кард.

Ба назди Исо биё ва ту шодии нарм ва ҳаёти ором меёбӣ. Худо туро даъват мекунад, ки ба Исои Масеҳ бовар кунӣ ва озод шавӣ, аз тарс озод шавӣ. Биё!