Қиссаи беҳтарин

Bible and Candle

Замоне дар ҷаҳонамон чизе набуд.

На моҳӣ.

На ситораҳо дар осмон.

На баҳр, на гулҳои зебо.

Ҳамааш холӣ ва торик буд.

Лекин Худо буд.

Худо нақшаи бисёр хуб дошт. Ӯ дар бораи олами дилрабо фикр мекард ва дар бораи он фикр карда, онро сохт. Онро аз ночиз офарид. Вақте ки Худо чизеро месохт, Ӯ фақат мегуфт: “Бигзор ин бошад” ва он пайдо мешуд!

Ӯ нурро офарид. Ӯ дарё ва баҳрҳо, замини сералаф, ҳайвонҳо, паррандаҳою дарахтонро офарид.

Дар охир Худо одамро офарид ва баъд барои ӯ занро сохт. Номашон Одаму Ҳавво буд.

Худо бисёр сахт онҳоро дӯст медошт. Ҳар шом Худо ба назди онҳо ба боғи зебое, ки онҳо дар он зиндагӣ мекарданд, меомад.

Онҳо метавонистанд аз тамоми боғ роҳату ҳаловат баранд, лекин ба ғайр аз як дарахт, ки Худо аз он хӯрданашро манъ карда буд.

Одаму Ҳавво то он рӯзе хурсанд буданд, ки шайтон, душмани Худо, онҳоро ба васваса андохт. Онҳо меваи он дарахтеро, ки Худо хурданашро манъ карда буд, чашидан хостанд. Онҳо гуноҳ карданд. Онҳо бори аввал шарму ғамгиниро ҳис карданд.

Онҳо дигар бо Худо сӯҳбат карда наметавонистанд. Акнун дарду ташвиш ба ҳаёташон омад. Ва онҳо мебоист муранд. Онҳо бисёр андӯҳгин шуданд!

Худо ваъда дод, ки ба онҳо кӯмак мерасонад. Вақте ки замони дуруст фаро расад, Ӯ Писараш Исоро ба ҷаҳон мефиристад. Исо аз осмон ба замин омада, роҳро барои бахшиши гуноҳҳо мекушояд. Барои ин корро кардан Ӯ мебоист азоб кашида, барои одамизод ҷонашро диҳад. Онҳо бисёр шод буданд, ки Худо Наҷотдиҳандаро мефиристад!

Одаму Ҳавво фарзандону набераҳо доштанд. Одамони зиёд дар ҷаҳон таваллуд мешуданд ва вафот мекарданд.

Худо мехост, ки ҳама хушбахт бошанд. Худо ба одамон гуфт, ки онҳо чӣ кор бояд кунанд. Ана рӯйхати қоидаҳое, ки Худо ба онҳо дод:

  1. Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.
  2. Санаме ва ҳар сурате барои худ насоз.
  3. Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир.
  4. Рӯзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ.
  5. Падари худ ва модари худро иззат намо.
  6. Қатл накун.
  7. Зино накун.
  8. Дуздӣ накун.
  9. Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурӯғ надеҳ.
  10. Хонаи ёри худро тамаъ накун; зани ёрат, ва ғуломаш, ва канизаш, ва говаш, ва хараш, ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун.

(Хуруҷ 20:3-17).

Ин қоидаҳо дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, то ки мо низ онҳоро хонда тавонем. Агар мо ба онҳо итоат кунем, мо хушбахт мешавем.

Шайтон намехоҳад, ки мо онҳоро иҷро кунем. Баъзан вай ба мо мегӯяд, ки мо чизеро дӯздӣ кунем, вақте ки ягон кас нигоҳ намекунад. Лекин Худо онро медонад. Худо ҳамаашро мебинад.

Баъзан шайтон моро васваса мекунад, ки мо дурӯғ гӯем, ва моро бовар мекунонад, ки ягон кас дар бораи он намефаҳмад. Худо онро медонад. Худо ҳамаашро мешунавад.

Вақте ки мо ин корҳоро мекунем, мо худро дар дохиламон бад ҳис мекунем. Худо моро дӯст медорад ва мехоҳад ба мо ёрӣ расонад, то ки мо росткор бошем. Аз барои ҳамин Ӯ Исоро ба ҷаҳон фиристод. Худо ваъдаашро дар хотир дошт. Баъд аз солҳои зиёд Исо ҳамчун кӯдаки навзод таваллуд шуд. Ӯ калон шуд ва марди калонсол шуд.

Ӯ бисёр корҳои аҷоиб мекард. Ӯ беморонро шифо медод. Ӯ чашмони кӯронро мекушод. Ӯ кӯдаконро баракат медод.

Исо ҳеҷ вақт ягон кори нодуруст накард. Ӯ ба одамон дар бораи Худо ва чӣ тавр ба Ӯ итоат кунанд нақл мекард.

Баъд аз чанд вақт душманони Исо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд. Ӯ ҷони худро дод.

Ӯ барои гуноҳҳои ҳамаи одамон азоб кашиду мурд, ҳатто барои гуноҳҳои он одамоне, ки Ӯро ба салиб мехкӯб кардаанд.

Исоро дар қабр дафн карданд. Лекин баъд як чизи аҷоиб рӯй дод. Ӯ дар қабр намонд. Исо аз мурдагон зинда шуд!

Дере нагузашта Худо Ӯро дар абр ба осмон гирифт. Вақте ки дӯстонаш ба осмон рафтани Ӯро тамошо мекарданд, фариштае ба онҳо гуфт, ки Исо боз бармегардад.

Исо барои гуноҳҳои мо низ ҷонашро дод. Ӯ мехоҳад, ки мо афсӯс хӯрда, гуноҳҳои худро эътироф кунем. Ӯ тайёр аст, ки моро бубахшад.

Мо ҳар вақт ба Худо дуо хонда метавонем. Ӯ ҳар калимаи моро мешунавад ва ҳар фикри моро медонад. Вақте ки гуноҳҳои мо бахшида мешаванд, Ӯ моро аз дарун хушбахт мекунад. Он вақт мо росткор шудан мехоҳем. Он вақт мо некӯкор шудан мехоҳем.

Мо метавонем интихоб кунем, ки ба Худо беитоатӣ кунем ва шайтонро пайравӣ кунем. Лекин каломи Худо мегӯяд, ки агар мо дар зиндагии заминиамон Худоро рад кунем, Ӯ моро ба дӯзах меандозад. Дӯзах ин ҷои оташ аст, ки абадан месӯзад.

Лекин агар мо Исоро дӯст дорем ва ба Ӯ итоат кунем, вақте ки Ӯ баргардад, моро ба осмон мегирад. Осмон ин хонаи зебои Худо ва Писараш Исо аст. Ин хонаи муҳаббат ва нур аст. Дар он ҷо мо ҳамеша хушбахт хоҳем буд.