Ӯтоқ

Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: “Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чӣ дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд.” (Ваҳӣ 20:12). Ин исботи он аст, ки Худо аъмоли моро менависад.

Як марди ҷавон аз аёлати Мэриленди Амрико номаш Ҷошуа Ҳаррис чанд вақт дар Порте Рико буд. Рӯзе вай хоб дид.Вай ҳис кард, ки Худо ба вай ин хобро нишон дод, то ки барои камбудии вафодориаш мазаммат кунад. Ин хоб ба вай дар бораи қуввати ҳаёттағирдиҳандаи Исои Масеҳ ва хуни Ӯ хотиррасон кард. Мо мехоҳем онро ба шумо нақл кунем.

***

(ӮТОҚ)

Вақте ки ман нимхобу нимбедор будам, ман дидам, ки дар як утоқ ҳастам. Дар утоқ ягон нишонаи хос набуд, фақат як девор буду он аз қоғазҳои хурд пур буд. Ин қоғаз монанди он қоғазҳое буд, ки дар китобхона барои рӯйхат кардани муаллифон ё мавзӯи китобҳо аз рӯи ҳарфҳои алифбо истифода мешавад. Лекин ин қоғазҳо аз фарш то ба шифт паҳн шуда буданд ва гӯё ки ягон тарафаш охир надошт ва сарлавҳаи онҳо хеле гуногун буданд. Вақте ки ман ба девор наздик шудам,дар якум қоғаз, ки диққати маро ҷалб кард, навишта буд “Духтароне, ки ба ман маъқул буданд”. Ман онро кушодам ва кортҳои онро варақ задам. Ман онро тез маҳкам кардам, ман дар ҳайрат будам, чунки ҳар номи навишташударо шинохтам.

Ва баъд бе он ки касе ба ман чизе гӯяд ман аниқ медонистам, ки ман дар куҷо ҳастам. Ин утоқи беҷон бо қоғазҳои хурд фехристи холиси зиндагии ман буд. Амали ҳар лаҳзаи зиндагии ман, хурду калон навишта шуда буд, ҳатто бо ҷузъиёте, ки дар хотираи ман ҷой намешуд.

Вақте ки ман тахминан қоғазҳоро гирифта, мекушодам ва мазмуни онро мехондам, дар дохилам ҳисси ҳайрат ва кунҷковӣ бо ҳамроҳии тарс пайдо шуд. Баъзе қоғазҳо хотираҳои шодмону ширинро меоварданд; баъд аз хондани дигарҳо ҳисси шарм ва афсӯсхӯрӣ он қадар сахт буд, ки ман ба гирду атроф нигоҳ мекардам, то ки бинам ки ягон кас онро нахонад. Дар назди қоғаз бо номи “Дӯстон” қоғази дигар бо номи “Дӯстоне, ки ман фурӯхтам” буд.

Номҳои қоғазҳо аз оддӣ то ба хеле аҷоибу ғалатӣ буданд. “Китобҳои хондагиам”, “Дурӯғҳои гуфтагиам”, “Одамоне, ки ман дилбардорӣ кардам”, “Шӯхиҳое, ки ман ба он хандидам”. Баъзеҳо ба таври хандаовар аниқ буданд: “Чизҳое, ки ман ба бародарҳоям дод гуфтам”. Аз барои дигарон ман хандида наметавонистам: “Чизҳое, ки ман ба падару модарам ғур-ғур карда, гуфтам”. Ман ҳар бор аз мазмуни хондагиам ҳайрон мешудам. Бисёр вақт дар дохили қоғаз аз интизориам кортҳои зиёдтар буданд. Баъзан миқдори кортҳо аз он, ки умед доштам, камтар буданд.

Ман аз барои ҳаҷми азими ҳаёте, ки ман зиндагӣ кардам, дар тааҷҷуб будам. Чӣ тавр мумкин аст, ки дар давоми бист соли зиндагиам ин қадар вақти зиёд доштам, ки ин ҳазорҳо ё шояд миллионҳо қоғазҳо навишта шаванд? Лекин аз ҳар варақ медидам, ки ин рост аст. Ҳар варақ бо хати ман навишта шуда буд ва дар поён имзои ман буд.

Вақте ки ман қоғази “Сурудҳое, ки ман хондам”-ро гирифтам, ман пайхас кардам, ки варақаҳои дар дарунбуда афзуданд. Варақаҳо зич баста буданд ва баъд аз он, ки онро кушодам ва си метрашро варақ задам, ба охири он нарасидам.Ман шарм дошта, онро пӯшидам. На аз барои сифати мусиқӣ шарм доштам, лекин бештар аз вақти зиёде, ки он талаб мекард.

Вақте ки ман ба варақи “Фикрҳои шаҳватпараст”расидам, ман ҳис кардам, ки аз баданам хунукӣ гузашт. Ман фақат як ваҷаби варақро кашидам, чунки андозаи онро санҷидан намехостам. Ман аз мазмуни муфассали он ларзидам. Дилам аз фикри он, ки чунин лаҳзаи ҳаётам сабт шудааст, беҳузур шуд.

Ман ногаҳон ғазаби вахширо ҳис кардам. Як фикр дар ақлам бартарӣ дошт: “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ набояд ин варақаҳоро бинад! Ман бояд онро нест кунам!” Ман девонавор ва бо хашм қоғазро кушодам. Ҳоло ҳаҷмаш фарқ надошт. Ман бояд онро холӣ карда, варақаҳоро месӯзондам. Лекин вақте ки онро аз як тараф гирифтам ва ба замин заданро сар кардам, ман натавонистам як варақро ҳам беҷо кунам. Ман ноумед шудам ва як варақро берун баровардам, лекин вақте ки хостам онро даронам, дидам ки он монанди пӯлод буд.

Ман шикаста ва комилан бедаступо шудам ва ин қоғазро ба ҷояш гузоштам. Ман сарамро ба девор такя кардам ва оҳи дароз ва пур аз худафсӯсхӯрӣ кашидам. Ва баъд онро дидам. Дар сарлавҳа навишта буд: “Одамоне, ки ман Хушхабарро нақл кардам”. Рангаш аз дигарон равшантар, навтар буд ва тақрибан истифода нашуда буд. Ман қоғазро кашидам, варақи хурд, ки дарозиаш аз ҳафт сантиметр зиёдтар набуд, ба дастам афтод. Ман кортҳои онро бо як даст шумурда метавонистам.

Ва он вақт аз чашмам ашк рехт. Ман зор-зор гиристам. Навҳаҳои ман ин қадар чуқур буданд, ки дард мекард, он дар шикамам сар мешуд ва ларза аз тамоми баданам мегузашт. Ман ба зонуҳоям афтода, гиря кардам. Ман аз барои шарм, шарми тоқатфарсо гиря мекардам. Қаторҳои қоғазҳо дар чашмони пурашқам давр мезад. Ҳеч кас ва ҳеҷ гоҳ набояд дар бораи ин утоқ фаҳмад. Ман бояд онро маҳкам кунам ва калидашро пинҳон кунам.

Лекин баъдтар вақте ки ман чашмонамро тоза кардам, ман Ӯро дидам. Не, илтимос на Ӯ. На дар ин ҷо. Оҳ, ҳар каси дигар, лекин Исо не.

Ман ночор тамошо мекардам, вақте ки Ӯ қоғазҳоро кушода, варақаҳои онро мехонд. Ман бардошт карда наметавонистам, ки рӯи Ӯро бинам. Ва дар он лаҳзаҳое, ки ман боз чашмонамро ба рӯи Ӯ мебардоштам, ман медидам, ки ғаму ғуссаи Ӯ аз андӯҳи ман амиқтар буд. Чунин менамуд, ки Ӯ қуттиҳои бадтаринро интихоб мекард. Чаро зарур буд, ки Ӯ ҳар яктоашро хонад?

Дар охир Ӯ тоб хӯрда, ба ман аз дигар кунҷи утоқ нигоҳ кард. Ӯ бо дилсӯзӣ ба ман нигоҳ кард. Лекин ин дилсӯзӣ маро қаҳролуд накард. Ман сари худро хам кардам, рӯямро бо дастҳоям пӯшондам ва гиря карданро сар кардам. Ӯ ба наздам омада, дасташро ба ман монд. Ӯ метавонист ин қадар чизҳои бисёр гӯяд. Лекин як калима ҳам нагуфт. Ӯ фақат ҳамроҳи ман гиря кард.

Баъд Ӯ хест ва боз ба назди девор бо қоғазҳо рафт. Аз як кунҷи утоқ сар карда, Ӯ як варақро гирифт ва номи худашро аз болои номи ман навишт ва як ба як дар болои ҳар варақ чунин менавишт.

Ман “Не!” дод гуфта, ба наздаш давидам. Вақте ки ман кортро аз дасташ кашидам, ман фақат калимаи “Не, не” гуфта метавонистам. Номи Ӯ набояд дар ин варақҳо бошад. Лекин номаш болои ин варақҳо бо ранги сурхи ин қадар баланд, ин қадар чашмбар, ин қадар зинда навишта шуда буд. Номи Исо номи маро рӯпӯш мекард. Номаш бо хунаш навишта шуда буд.

Ӯ меҳрубонона кортро аз дастам гашта гирифт. Ӯ бо табассуми ғамангез табассум кард ва имзо кардани қоғазҳоро давом дод. Ман ҳатто намефаҳмам чӣ тавр Ӯ ин қоғазҳоро ин қадар тез имзо карда тавонист, лекин дар лаҳзаи дигар гӯё ки ман шунидам, ки Ӯ қоғази охиринро пӯшид ва гашта сӯи ман омад. Ӯ дасташро болои кифтам монд ва гуфт “Тамом шуд”.

Ман хестам ва Ӯ маро аз ӯтоқ берун баровард. Дар ягон калид надошт. Дар оянда боз кортҳои дигари зиндагиам навишта мешаванд.

***

Оё ягон бор фирк кардӣ, ки Худо чӣ тавр ба ҳаёти ту нигоҳ мекунад? Исо ба мо мегӯяд: “Лекин ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб хоҳанд дод.” (Инҷили Матто 12:36). Агар мо бо худ самимӣ бошем, мо бо ғаму ғусса иқрор мекунем ва афсӯс мехӯрем, ки мо дар фикру амалҳоямон ноком шудем. Мо низ аз фикрҳое, ки дар ақламон ҷо кардаем, ва амалҳое, ки дар пинҳонӣ содир кардаем, шарм медорем. Дар Китоби Муқаддас дар Румиён 2:16 навишта шудааст, ки “Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард”. Вакил Павлус дар мавъизааш чунин мегуфт: “Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад ва айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро расад” (Аъмоли ҳаввориён 3:19). Оё Исо гуноҳҳои туро маҳв гардонд ё онҳо имрӯз ҳам туро безобита мекунанд?

Оё озод шудан мехоҳӣ? Оё фикру амалҳои гузаштаат туро ташвиш медиҳад? Гуноҳҳои мо болои дилу ҳаётамон бори азим меоварад. “Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, — худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест. ” (1-ум Юҳанно 1:8). “Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.” (Румиён 6:23).

Исо бахшиши гуноҳҳоро пешниҳод мекунад. Ӯ ба замин омад ва барои ҳамаи гуноҳкорон хуни худро рехт. Акнун нақшаи наҷот иҷро шуд. Оё барқарор шудан мехоҳӣ? “Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд” (Инҷили Юҳанно 8:36). (Забур таронаи 50-ро хон) Имрӯз ба назди Исо биё! Тавба кун ва гуноҳҳои худро эътироф кун. “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.” (1-ум Юҳанно 1:9). Ба Исо бовар кун ва Ӯ туро ба ҳаёти қаноатбахш бо худ мебиёрад. Ӯ туро дар ҳаёти ҳаррӯзаат роҳнамоӣ мекунад.