Баъд Аз Марг
Ҳоло ту зинда ҳастӣ, ту нафас мекашӣ, ҳаракат мекунӣ ва кор мекунӣ. Шояд ту дар шароити бароҳат ё дар қашшоқӣ зиндагӣ мекунӣ. Офтоб ҳамеша тулӯъ ва ғуруб мекунад; дар ҷое кӯдак таваллуд мешавад; лекин дар ҷои дигар нафаре вафот мекунад.
ТАМОМИ ЗИНДАГӢ
ФАҚАТ АНДОЗАИ МУВАҚҚАТӢ АСТ.
АММО,
БАЪД АЗ МАРГАТ ТУ БА КУҶО МЕРАВӢ?
Новобаста аз он, ки ту диндор бошӣ,
ё ба ягон дин эътиқод надошта бошӣ—
Ту ба ҳар ҳол ба ин саволи аз ҳама муҳим
бояд ҷавоб диҳӣ,
чунки баъд аз зиндагии кӯтоҳи заминӣ
ҳар инсон ба тақдири абадиаш меравад. (китоби Воиз 12:5)
ЛЕКИН БА КУҶО?
Дар қабристоне, ки ҷасадат дафн мешавад, ҷонат дар он ҷойгир шуда наметавонад. Ҳатто агар ҷасадат сӯзонда шавад, оташ ҷонатро фурӯ бурда наметавонад. Агар ту дар қаъри баҳр нобуд шавӣ, лекин ҷонат ғарқ намешавад.
ҶОНАТ ҲЕҶ ГОҲ НЕСТУ НОБУД НАМЕШАВАД!
ХУДОИ ОСМОНУ ЗАМИН ГУФТААСТ
Матни пурра: Баъд Аз Марг
“ҲАР ҶОН АЗ ОНИ МАН АСТ.”
Ҷони ту, “шахси воқеии ту”, як рӯз бо он корҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки ту дар зиндагиат кардӣ, хоҳ он бад ё нек бошад. Ибриён 9:27-ро хон.
Ту метавонӣ аз тахти дил ситоиш кунӣ.
Ту метавонӣ барои корҳои бадат афсӯс хӯрӣ.
Ту ҳатто зарарро барои чизҳои дуздидаат подош дода метавонӣ.
Албатта ҳамаи ин лозим аст—
ЛЕКИН—
Ту гуноҳҳои худро шуста наметавонӣ.
ХУДОИ осмон, Довари одили тамоми ҷаҳон зиндагию гуноҳҳои туро медонад—ҳеҷ чиз аз Ӯ пинҳон нест. Ту бо гуноҳҳоят ба ҷалолу хушбахтии ҷаҳони оянда даромада наметавонӣ.
Вале Худои осмонӣ инчунин Худои муҳаббат аст. Ӯ роҳеро барои наҷоту фидияи ҷону зиндагиат тайёр кард. Ту набояд ба тақдири абадӣ ва оташи дӯзах партофта шавӣ. Худо Исоро ба ин ҷаҳон фиристод, ки ҷони туро наҷот диҳад. Вақте ки Исо дар салиби Ҷолҷото азоб кашида, ҷони худро дод, Ӯ гуноҳҳои туро бар худ гирифт. Худо чизи беҳтарине, ки дар осмон буд, барои гуноҳҳоят ба қурбонӣ овард. «Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.» (Ишаъё 53:5). Ин гуфта дар бораи Исо бисёр сол пеш аз омаданаш ба замин пешгӯӣ шуд.
Оё ту бовар мекунӣ, ки Исо туро дӯст медорад? Оё ту дуо хонда, гуноҳҳоятро пеши Ӯ эътироф мекунӣ? Оё ту тавба карда, ба Исо имон меоварӣ, ки Ӯ Писани Худои зинда аст? Агар ту худро пурра ба Исо бахшӣ, Ӯ ба ҷонат осоиштагӣ медиҳад ва баъд аз маргат ҳаёти пурҷалол мебахшад. Фақат он вақт ту метавонӣ боварӣ дошта бошӣ, ки соҳиби хонаи абадӣ пур аз шодию тасаллои бузург барои ҷонат мешавӣ.
Лекин ОҲ! чоҳи ҳалокат ва оташи бепоён барои онҳое омода аст, ки дар зиндагиашон муҳаббати наҷотбахши Исоро рад мекунанд. Баъд аз марг баргашт ё наҷот намешавад. «Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед.» (Инҷили Матто 25:41). «Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.» (Инҷили Матто 25:30).
Худо дар Китоби Муқаддас огоҳ мекунад, ки ҳамаи одамони рӯи замин ҳатман бо доварии ниҳоӣ дучор мешаванд. Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шудааст, ки пеш аз Рӯзи доварӣ аломатҳои аниқу равшан мешавад.
Пеш аз омаданаш ҷангҳо ва овозаи ҷангҳо мешаванд, халқҳо ба ноумедӣ меафтанд. Қавмҳо бар зидди якдигарашон ҷанг хоҳанд кард ва ягон роҳеро барои ҳал кардани фарқияти муносибату ақидаашон нахоҳанд ёфт.
Зилзилаю вабоҳо дар ҷойҳои гуногун рӯй хоҳад дод. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамони золим бадтару бадтар хоҳанд шуд. Дар айни ҳол одамон ба огоҳӣ гӯш нахоҳанд кард, айшу ишратро бештар аз Худо дӯст хоҳанд дошт. Оё мо иҷрошавии ин пешгӯиро дар рӯзҳоямон намебинем? Инҷили Матто 24:6-7, 12 ва 2 Тимотиюс 3:4-ро хон.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки Довари одилу бузургамон сарват ё қашшоқӣ, шӯҳрат ё беобрӯӣ, нажод, ранги пуст, табақаи иҷтимоӣ ва ақидаҳои моро ба назар намегирад. Рӯзе мо дар назди Худованду Офарандаи бузургамон хоҳем ист, то ки аз рӯи амалҳоямон доварӣ шавем. Инҷили Матто 25:32-33-ро хон.
Дар абадияти беохири меомадагӣ мо вақту соат, рӯзу тақвим ва солу асрро намешумурем. Дуди азобҳои гуноҳкорон то абад баланд хоҳад шуд—лекин дар айни ҳол суруду шодӣ, хушбахтию тасаллои одамони наҷотёфта дар осмон тамом нахоҳад шуд. Ҳоло қарори худро кун! Ба наздикӣ хеле дер хоҳад шуд - “Инак алҳол рӯзи наҷот аст” (2 Қӯринтиён 6:2, Инҷили Матто 11:28-30).