Наҷотдиҳанда барои ту
Ту хушбахт ҳастӣ? Ҳисси тарс ва айби гуноҳ метавонад хурсандии туро нест кунад. Шояд ту дар фикри он ҳастӣ, ки чӣ тавр хушбахт бошӣ.
Ман бароят хабари хуш дорам! Шахсе ҳаст, ки ба ту ёрдам карда метавонад. Ӯ метавонад гуноҳҳоятро бубахшад ва ба ту хушҳолии бепоён диҳад. Номаш Исо аст. Ман ҳоло ба ту дар бораяш нақл мекунам.
Падари ӯ Худо аст, ки тамоми ҷаҳонро офаридааст. Ӯ ҳама чизҳоеро, ки дар ҷаҳон ҳаст, ба вуҷуд овард. Ӯ ману туро офарид.
Худо моро дӯст медорад. Ӯ ҳар одамро дар рӯи замин дӯст медорад. Худо моро ин қадар зиёд дӯст медорад, ки Исоро, Писари ягонаашро ба ҷаҳон фиристод. Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, Ӯ беморонро шифо медод ва одамони афсурдахотирро тасаллӣ медод. Ӯ чашмони кӯронро бино мекард. Ӯ ба мардум бисёр чизҳоро таълим медод.
Матни пурра: Наҷотдиҳанда барои ту
Исо мехост, ки мо он муҳаббати бузургеро, ки Падараш ба ману ту дорад, шиносем. Дар суханонаш ӯ муҳаббати Падарашро ба мо кушод. Ту метавонӣ онро дар Китоби Муқаддас дар Инҷили Луқо 15:11-24 хонӣ.
Марде ду писар дошт. Вай фикр мекард, ки ҳамааш хуб аст. Рӯзе як писараш шӯриш карда, ба назди падараш омаду гуфт: „Ба ман ин хона маъқул нест, ман мехоҳам бо роҳи худ равам ва хонаро тарк мекунам. Қисми мероси маро ба ман бидеҳ.” Падараш бисёр ғамгин шуд, лекин пулро ба писараш дода, ӯро сар дод. Вай намедонист, ки оё писарашро боз мебинад ё не.
Писараш ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо ӯ тамоми сумашро беҳуда ба айшу ишрат бо дӯстонаш сарф кард. Ӯ бепарвоёна сумашро барои зиндагии худпараст сарф кард. Ин гуна зиндагӣ ба вай маъқул буд то даме, ки сумаш ногаҳон тамом шуду дӯстонаш ӯро тарк карданд. Ӯ тамоман танҳо ва мӯҳтоҷ буд. Акнун ӯ бояд чӣ кор мекард?
Ӯ ба назди як деҳқон рафт ва ин деҳқон ӯро фиристод, то ки хукбонӣ кунад. Ба вай хӯрдании кифоя намедоданд. Вай он қадар гурусна буд, ки тайёр буд хӯроки хукҳоро хӯрад. Ӯ дар бораи ҳамаи корҳои бадаш фикр мекард ва чӣ хел ба падараш зулм кард. Аҳволаш рафта-рафта ҳиҷолатовар мешуд.
Рӯзе ба ёдаш омад, ки чӣ гуна падараш ба ӯ меҳрубон буд ва чӣ хел падараш барояш ғамхорӣ мекарду бо ҳама чиз таъмин мекард, вақте ки ӯ дар хона буд. Ҳатто хизматгорони падараш нони фаровон доштанд.
Ӯ дар дилаш фикр кард: “Оё баъд аз ҳамаи корҳои кардагиам ба назди падарам баргашта метавонам? Оё падарам маро то ҳол дӯст медорад? Ман дигар лоиқи он нестам, ки писари ӯ бошам. Ман тайёр ҳастам, ки ҳамчун яке аз хизматгоронаш бошам, агар маро қабул кунад.”
Вай зуд хеста, ба хонаи падараш равона шуд. Вай намедонист, ки оё падараш ӯро мебахшад ё не.
Падараш аз рӯзи рафтани писараш аз хона дар орзӯи дидани ӯ буд. Падараш бисёр вақт фикр мекард: “Писарам ягон рӯз ба хона бармегардад ё не?”. Пас рӯзе падараш аз дурӣ дид, ки касе ба тарафи хона омада истодааст. Оё ин писараш бошад? Вақте ки ӯ дид, ки ин писараш аст, вай бо оғуши кушода сӯи вай давид.
“Падар,” - писар гуфт – “ман бар зидди шумо гуноҳ кардам. Ман дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам.”
Лекин падараш ба хизматгоронаш гуфт: “Ҷомаи беҳтаринро барои писарам биёред ва хурсандӣ мекунем! Писарам гумшуда буд ва ҳоло ёфт шуд.”
Ҳамаи мо монанди ин писар ҳастем, ҳамаи мо аз Худо, Падари мо, дур рафта, гумроҳ шудем. Мо он фурсатҳову чизҳои некиро, ки Худо ба мо дод, беҳуда сарф кардем. Мо худпарастона зиндагӣ мекардем ва бар зидди Худо шӯриш кардем. Имрӯз бошад Падари осмониамон моро даъват мекунад, ки мо ба назди Исо биёем. Ӯ бо оғуши кушода интизори мо аст.
Исо муҳаббаташро ба мо ба воситаи он нишон дод, ки ҷонашро барои гуноҳҳои мо ва гуноҳҳои тамоми ҷаҳон қурбонӣ кард. Ӯ дарду ранҷи одамизодро бар худ гирифт, вақте ки иҷозат дод, ки одамони шарир ӯро ба салиб мехкӯб кунанд. Лекин Исо бо қуввати Худо аз мурдагон зинда шуд ва абадан зинда аст.
Номи Исоро хонда, аз Ӯ хоҳиш кун, ки гуноҳҳоятро бубахшад. Вақте ки Ӯ мебинад, ки ту барои корҳои нодурустат афсӯс мехӯрӣ, Ӯ туро мебахшад ва ҳамаи гуноҳҳоятро бо хуни худаш, ки дар салиб рехт, тоза мекунад. Ин саргузашти аҷоиб мешавад! Ту одами нав мешавӣ. Дар зиндагиат маънои нав пайдо мешавад. Исо ҳисси айбу тарсро аз ту гирифта, онро бо шодию хурсандӣ иваз мекунад. Ӯ Наҷотдиҳандаи ту мешавад.