Тӯҳфаи Худо: Таърихи мавлуди Масеҳ
Пеш аз оғози вақт фақат Худо, Писараш Исо ва Рӯҳи Муқаддас буд. Худо ҷаҳон ва ҳар чизеро, ки дар он ҳаст, офарид. Худо аз рӯи муҳаббаташ одамро ба сурату шабоҳати худ офарид ва ӯро дар боғи зебо гузошт. Одам ба дастури Худо беитоатӣ кард. Ин беитоатӣ гуноҳ буд ва одамро аз Худо ҷудо кард. Худо ба одам гуфт, ки онҳо барои гуноҳҳояшон бояд ҳайвонҳои хурду бенуқсонро қурбонӣ кунанд. Ин қурбониҳо барои гуноҳашон подош намедоданд, лекин фақат ба қурбонии ниҳоӣ, ки Худо бояд меовард, нишон медод. Рӯзе Худо Писараш Исоро ба замин фиристод, то ки қурбонии пурра ва охирин барои гуноҳҳои тамоми одамизод шавад.
Марям ва фаришта
Баъд аз чор ҳазор сол зани ҷавон номаш Марям дар шаҳри Носира зиндагӣ мекард. Ӯ бо Юсуф барои оиладор шудан номзад шуда буд. Рӯзе фаришта ба Марям зоҳир шуду гуфт, ки ӯ кӯдаки махсусро таваллуд мекунад ва ӯро бояд Исо ном монад. Ин кӯдак падари заминӣ надошт. Ӯ Писари Худо буд.
Таваллуди Исо
Матни пурра: Тӯҳфаи Худо: Таърихи мавлуди Масеҳ
Баъд аз омадани фаришта Юсуф ва Марям барои пардохти андоз ба шаҳри дурдасти Байт-Лаҳм сафар карданд. Вақте ки ба Байт-Лаҳм расиданд, шаҳр серодам буд. Онҳо дар оғил шабро рӯз карданд, чунки дар мусофирхона ҷое набуд. Исо дар он ҷо ба дунё омад. Марям Исои навзодро парпеч кард ва Ӯро дар охуре хобонид.
Чӯпонон
Ҳамон шаб чӯпонон дар теппаҳо берун аз шаҳр рамаи худро посбонӣ мекарданд. Фариштае ба онҳо зоҳир шуд ва ҷалоли Худо дар гирду пешашон медурахшид. Фаришта ба онҳо гуфт: “Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм ҳоҳад буд: Имрӯз барои шумо Наҷотдиҳанда таваллуд шуд. Ӯ Исои Масеҳи Худованд аст. Шумо кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт”. Баъд фариштаҳои зиёд пайдо шуда, Худоро парастиш мекарданд ва ҳамду сано хонда, мегуфтанд: “Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод.” Вақте ки фариштагон нест шуданд, чӯпонон рамаи худро монда ва тез ба Байт-Лаҳм рафтанд. Онҳо кӯдакро чӣ тавре, ки фаришта ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.
Ситорашиносон
Баъд аз таваллуди Исо ситорашиносон аз ҷои дигар ба Иерусалим омаданд. Онҳо пурсиданд: “Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем.” Вақте ки подшоҳ Ҳиродус инро шунид, безобита шуд. Ӯ ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва шариатдононро наздаш хонд. Онҳо ба подшоҳ гуфтанд, ки пайғамбарон пешгӯӣ карданд, ки Подшоҳ дар Байт-Лаҳм таваллуд мешавад. Подшоҳ Ҳиродус ситорашиносонро ба Байт-лаҳм барои ёфтани Подшоҳи навзод фиристод. Вақте ки ситорашиносон аз Иерусалим рафтанд, ситора онҳоро ба хонае роҳнамоӣ кард, ки дар он Исои навзодро ёфтанд. Онҳо таъзим намуда, ба кӯдак саҷда карданд ва ба Ӯ тӯҳфаҳои тилло, атри қиматбаҳо ва ширеши хушбӯй ҳадя намуданд. Дар хобашон бошад, Худо ситорашиносонро огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд ва онҳо бо дигар роҳ ба ватанашон баргаштанд.
Сабаби тӯҳфаи Худо
Исо Писари Худо буд. Ӯ бе гуноҳ зиндагӣ кард ва дар ҳамаи роҳҳояш комилу беайб буд. Исо дар си солагиаш одамонро дар бораи Худо, Падараш, таълим доданро сар кард. Ӯ мӯъчизаҳои бисёр мекард - чашмони нобиноро мекушод, одамони зиёдро аз касалиҳояшон шифо медод ва ҳатто мурдагон зинда мекард. Аммо пеш аз ҳама Ӯ дар бораи роҳ ба ҳаёти ҷовидонӣ дар осмон таълим медод. Баъд Ӯ ҷони худро ҳамчун қурбонӣ барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон дод.
Дар Китоби Муқаддас дар Инҷили Юҳанно 3:16 гуфта шудааст: “Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад”. Исо ба ин олам омад, ки дар салиб ҳамчун қурбонии охирин ҷон диҳад. Нарх барои тамоми гуноҳ ба воситаи маргаш супорида шуд. Акнун овардани қурбонӣ барои гуноҳ зарур нест. Ин тавр ваъдаи Худо дар бораи фиристодани Наҷотбахш иҷро шуд.
Ба он нигоҳ накарда, ки одамони золим Исоро куштанд, марг аз болоии Ӯ қудрат надошт. Баъд аз се рӯз Ӯ ғолибона аз қабраш баромад. Баъд аз зинда шуданаш одамони зиёд Исоро давоми якчанд рӯз медиданд. Пас рӯзе Исо пайравони худро баракат дода, ба осмон сууд кард.
Вақте ки мо қарор мекунем, ки ба Исо бовар карда, ҳаёти худро ба Ӯ бубахшем, хунаш моро аз ҳамаи гуноҳҳо тоза мекунад. Ҳангоме ки мо ин тӯҳфаи наҷотро қабул мекунем, мо боз бо Худо муносибат пайдо мекунем. Исо Наҷотбахши шахсии мо мешавад ва мо ҳамчун фарзандони Худо метавонем баракатҳои Ӯро дошта бошем! Исо як рӯз бармегардад. Ӯ ҳамаи имондорони ҳақиқиро ба осмон мегирад. Онҳо абадан дар осмон бо Худо зиндагӣ хоҳанд кард.