Осмон Хонаи Абадии Ту?
Ояндаи ту чӣ мешавад?
Вақте ки мо дар бораи ояндаи худ фикр мекунем, ҳатман фикр пайдо мешавад, ки оё баъд аз маргамон чӣ рӯй медиҳад. Одам наметавонад аз фикрҳое халос шавад, ки баъд аз мурданаш қисматаш чӣ мешавад, лекин одатан ин фикрҳоро аз сараш дур мекунад. Одам худро бо ташвиши зиндагӣ овора мекунад ва фикрҳоро дар бораи марг, осмон ва дӯзах ба ояндаи дур мегузорад (Инҷили Матто 24:48, Воиз 8:11). Лекин воқеият дар он аст, ки мо бояд интихоб кунем. Агар ҳеҷ кореро накунем, ин моро ба нобудшавии абадӣ мебиёрад.
Фақат ду қисмат ҳаст
Ҷалоли осмон ва даҳшати дӯзах моро моил мекунад, ки мо барои худамон осмонро ҳамчун қисмати абадӣ интихоб кунем. Агар мо хоҳем соҳиби ин мукофот шавем, мо бояд қарор кунем. Ягон гуноҳ ба осмон дохил намешавад, ин аниқ аст. Онҳое, ки барои гуноҳҳояшон бахшиш наёбанд, дар дӯзах ҷазои абадӣ мегиранд. “Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон — ба ҳаёти ҷовидонӣ” (Инҷили Матто 25:46).
Осмон—хона барои ҳамаи наҷотёфтагон
Барои наҷотёфтагон, онҳое, ки бо хуни Масеҳ шушта шудаанд, осмон ҷои махсус мешавад (Ваҳӣ 7:13-14). Ин хонаи онщо мешавад. Онҳо монанди ин таронасаро дар Забур 62:2 хоҳони осмон ҳастанд: “ҷонам ташнаи Туст... дар замини хароба ва бемаҷоле ки об надорад”. Барои одамони шаҳвонӣ бо фикронии заминӣ осмон як чизи дурдаст менамояд. Барои одаме, ки аз Рӯҳи Муқаддаси Худо таваллуд ёфтааст, осмон наздик ва ҳақиқӣ аст. Ӯ пешмазаи хонаи абадиашро ҳис мекунад.
Он неккирдориҳое, ки дар намунаи ибрати Масеҳ ҳастанд – ростӣ, фурӯтанӣ, дилпокӣ ва муҳаббат – барои фарзанди Худо пурарзиш ҳастанд. Худо аз рӯи файзаш ҳаёти имондорро бо муҳаббати осмонӣ пур мекунад, ва ӯ саъю кӯшиш мекунад, ки ростқалбу хоксор бошад. Дилаш ташнаи он аст, ки дар хонаи осмониаш ин хислатҳои масеҳиро дар пуррагӣ ва покӣ дошта бошад (2-юм Қӯринтиён 5:1).
Осмон—ҷои нур
Матни пурра: Осмон Хонаи Абадии Ту?
Дар зиндагии заминӣ сояҳои бисёр ҳастанд. Мо бисёр вақт бо чизҳои нофаҳмо дучор мешавем. Мо кӯшиш мекунем ба оянда нигоҳ кунем, лекин ин ғайриимкон аст. Дар зиндагиамон мо бисёр маротиба ноумеду дилхунук мешавем. Мо гуфта метавонем, ки ҳамаи ин мисли торикӣ аст.
Дар осмон фақат нур аст. Ин ҷоест, ки Худо сукунат дорад. “Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест” (1-ум Юҳанно 1:5). Дар нураш фаҳмиш комил аст. Дар осмон дониш пурра мешавад. Гузашта ва ҳамаи рӯйдодҳо пурра тоза мешаванд. Дар ин нур байни Падар ва ҳамаи онҳое, ки бо Ӯ мешаванд, муносибати комилу пурра хоҳад буд.
Дар бораи осмон гуфта шудааст, ки он “мероси муқаддасон дар нур” аст (Қӯлассиён 1:12). Хосиятҳои нур, ки дар Навиштаҷот номбар шудаанд инҳоянд: хирад, муқаддасӣ ва хурсандӣ. Ин нур бе ягон қатъшавӣ мешавад—он абадан медурахшад! Дар осмон ҳеҷ вақт шаб намешавад (Ваҳӣ 21:25).
Осмон—ҷой бе ягон хатар ва гуноҳ
“Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғгӯй вориди он нахоҳад шуд” (Ваҳӣ 21:27). Маъюсӣ, ғамгинӣ, васваса ва гуноҳ қисми ҳаёти заминӣ аст. Инҳо ҳеҷ вақт ба ин ҷои зебо дохил намешаванд.
Дар Ваҳӣ 21:4 навиштааст: “Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чӣ пештар буд, гузашт.” Барои масеҳиён осмон ин оромии қаноаткунанда, охири сафари заминӣ аст. Масеҳиён медонанд, ки чӣ тавре ки Худо ашки онҳоро дар замин пок мекард, инчунин тамоми ғаму ғуссаро дар осмони бенуқсон мегирад.
Ҳолати ҷовидонии наҷотёфтагон
Муносибат бо одамон барои мо дар вақте дар замин буданамон муҳим аст. Ғаму шодии дигарон ба ҳиссиётамон таъсир мерасонад. Робитаи оилавӣ пурмаънӣ аст ва кандани ин робита дардовар аст. Ҳамаи ин барои ҳолати мирандаамон қисми зарурӣ аст.
Вақте ки Исо барои доварӣ бармегардад, ҳама одамон тағир меёбанд. Мурдагон бармехезанд. Бадани миранда, ки фосид ва гирифтори марг аст, ҷовидон мешавад. “Ва мурдагон ба таври бефано эҳё хоҳанд шуд, ва мо тағир хоҳем ёфт, зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипӯшад, ва он чи миранда аст, — либоси ҷовидӣ бипӯшад.” (1-ум Қӯринтиён 15:52, 53).
Дар ин ҳолат маънои робитаи оилавӣ дигар барои мо мисли пештара намемонад. Исо таълим медод, ки дар осмон одамон дигар оиладор намешаванд (Инҷили Матто 22:30). Эҳсосоти зиндагии ҳозира дар муқоиса бо хурсандие, ки дар ҳузури Худованд Худо хоҳад буд, хира мешавад. Ҳеҷ чиз ба муносибат байни наҷотёфтагон ва Барраи Худо зарар намерасонад.
Муқаддасон ҳамеша ба чизҳое нигоҳ хоҳанд кард, ки чашмони миранда ҳеҷ гоҳ надидаанд; онҳо чизҳоеро хоҳанд шунид, ки гӯшҳои миранда ҳеҷ гоҳ нашунидаанд; ва онҳо чизҳоеро хоҳанд донист, ки ба дилашон ҳеҷ гоҳ фикре ҳам наомадааст.
Исо ва онҳое, ки аз они Ӯ ҳастанд, ҷалол мебахшад
Ҳамон рӯзе, ки Худованд Исо барои ҳамаи сокинони рӯи замин зоҳир хоҳад шуд, наздик омада истодааст. Ҳама дар пеши Ӯ барои доварӣ шудан меистанд (Инҷили Матто 25:31-34). Пайравони ҳақиқиаш ба ҷалоли осмон гирифта мешаванд, ҳатто агар онҳоро дар зиндагии заминиашон бад медиданд ва рад мекарданд. Дар он ҷо онҳо фурсат пайдо мекунанд, ки Худоро беист ҳамду сано хонанд ва парастиш кунанд. Бефано ҷои фаноро мегирад. “Ва ҳар гоҳ ин фонӣ либоси бефаноӣ бипӯшад, ва ин миранда либоси ҷовидӣ бипӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: «Ғалаба маргро фурӯ бурд».” (1-ум Қӯринтиён 15:54). Инчунин 2-юм Қӯринтиён 5:1-ро хонед.
Муқаддасон дар зиндагии заминиашон бисёр мусибат, васваса ва душворӣ доштанд. Ҳамаи онҳое, ки ба Наҷотдиҳанда имон овардаанд ва то ба охир истодагарӣ кардаанд, ба воситаи файз ба осмон гирифта мешаванд. Одамон аз ҳамаи халқу забон ва синну сол, ки имони худро нигоҳ доштанд, ба осмон гирифта мешаванд. Ин анбӯҳи бузургу бешумор, ки гуноҳҳояшон бахшида шуд ва бо хуни Исои Масеҳ тақдис шуданд, сокини осмон хоҳанд шуд (Ваҳӣ 7:9-14).
Ин одамоне, ки дар вақти зиндагии заминиашон наҷот ёфтаанд, дар осмон ҷалол меёбанд. Ин чӣ қадар аҷоиб мешавад, ки дар тӯи Калисоаш бо Барраи Худо иштирок кунем. Ин ҷалоли беназир мешавад (Ваҳӣ 19:7-9).
Осмон—аз фаҳмиши инсон болотар
“Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.” (1-ум Қӯринтиён 13:12).
Мо ҷалолу шукӯҳи осмонро пурра фаҳмида ва баён карда наметавонем. Ақламон фақат чизҳоеро, ки мо дида ва ҳис карда метавонем, мефаҳмад. Мо мефаҳмем, ки осмон ҷои сукунати ҷони одам бо Худо аст, аммо Худо ҳамаашро дар бораи ин хонаи абадӣ ошкор накардааст.
Истефанус, якумин азобдидаи кушташудаи масеҳӣ, як лаҳза осмонро дид. Вақте ки ӯро барои имонаш сангсор мекарданд, “ӯ сӯи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид” (Аъмоли ҳаввориён 7:55).
Ҳатто агар мо бисёр чизҳоро дар бораи осмон фаҳмонда дода наметавонем, мо ба қадри кифоя медонем, ки мо монанди дигар одамони имондори вафодор давоми асрҳои гузашта хоҳиши онро дорем, ки абадан дар шаҳре сокин бошем, ки Худо сохтааст. Дар Ибриён 11:10 навишта шудааст, ки Иброҳим бо имон “мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост.” Инчунин Ибриён 11:13-16-ро хонед.
Оё мо дар он ҷо мешавем?
Вақте ки зиндагиамон ба охир мерасад, мо ба куҷо меравем? Оё мо ба осмон меравем? Рӯҳи Худо оромона тақ-тақ мекунад ва ба мо ёдовар мекунад, ки мо ба ояндаи ҷовидонамон омода шавем.
Мо бояд дарк кунем, ки мо мӯҳтоҷи Худо ҳастем. Дар натиҷаи гуноҳи одам дар ибтидо, одамизод ҳусни таваҷҷӯхи худро дар пеши Худо аз даст дод. Вақте ки мо барои гуноҳҳои худ тавба мекунем ва ба воситаи хуни Исои Масеҳ бахшиш қабул мекунем, муносибат бо Худо барқарор мешавад. Пас Худо моро мебахшад ва ҳамчун сафедшуда қабул мекунад. Ин тавр мо ба воситаи каломи Калом ва Рӯҳ фарзанди Худо мешавем (Инҷили Юҳанно 3:5; 1:12). Оромие, ки мо дар натиҷаи он мегирем, пешмазаи оромии пурра аст, ки аз они мо дар ҷои сукунати абадӣ хоҳад шуд. Ҳар кас метавонад дар дилаш боварии пурра пайдо кунад, ки дар осмон барояш ҷое тайёр мешавад (Инҷили Юҳанно 14:2-3).