Худои ҳақиқӣ ва ягона – Оё Ӯро медонӣ?
Ҳар одам чизеро парастиш мекунад. Баъзе одамон ашёҳоро парастиш мекунад, баъзеҳо одамро ситоиш мекунад, баъзеҳо суратро ва дигарон худашонро парастиш мекунанд. Онҳо садоқати худро ба худояшон бо роҳҳои гуногун изҳор мекунанд. Одамони зиёд ба худоҳояшон хизмат мекунанд, лекин дар дилашон ба ҳар ҳол ташнагӣ ва фарёде ҳаст. Ин одамон барои доди ҷонашон фақат сабукии муваққатӣ ёфта метавонанд ва барои рӯ ба рӯ шудан бо оянда ҷуръати кам доранд. Онҳо ноумед мешаванд, лекин ояндаи онҳо аз гузаштаашон фарқ намекунад. Он худое, ки онҳо ба он хизмат мекунанд, наметавонад холигии зиндагиашонро пур кунад.
Ту киро парастиш мекунӣ? Худои ту дар куҷо зиндагӣ мекунад? Оё вай зинда аст? Вай барои ту имрӯз чӣ кор кардааст? Имрӯз бо вай сӯҳбат кардӣ? Оё вай ба доди дилат ҷавоб дод? Ту ба чӣ бовар мекунӣ?
Биё ман туро бо Худои ҳақиқии ягона шинос кунам, ки шайтонро, душмани калонтарини моро мағлуб кард. Ӯ Худои офариниш аст, ки ҳамаашро бо каломаш ба вуҷуд овард. Дар Китоби Муқаддас дар бораи Худои осмон, ки одамро аз хоки замин офарид, нақл шудааст. Боби якум ва дуюми китоби Ҳастиро хон.
Ӯ Худои абадӣ аст. Ӯ на аввал ва на охир дорад. Ӯ дирӯз, имрӯз ва то абад ҳамон аст. Ӯ Офаранда, Нигоҳбон ва Ҳаётбахши ҳама чиз аст (Аъмоли ҳаввориён 17:22-34).
Матни пурра: Худои ҳақиқӣ ва ягона – Оё Ӯро медонӣ?
Ин Худои бузург, ки дар осмон сокин аст, инчунин нисбати ту ҳамчун инсон шавқманд аст. Ӯ туро дар байни анбӯҳи зиёди одамон мебинад. Ӯ туро дӯст медорад ва барои ту ғамхорӣ мекунад. Ӯ мехоҳад барои ту аз дӯст ҳам бештар бошад. Ӯ Писарашро фиристод, ки Наҷотбахши ту шавад. Ӯ мехоҳад бо ту зиндагӣ кунад ва аз ин ҳам зиёдтар - Ӯ мехоҳад дар дохили ту сокин бошад. Ӯ мегӯяд: “Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо.” (Инҷили Юҳанно 15:4).
Агар Ӯ дар дилат ҳоло сокин нест, пас дар дили ту кӣ ҳаст? Агар мо ба гирду атрофамон нигоҳ кунем, мо мебинем, ки шайтон зиндагии одамони бисёрро идора ва вайрон мекунад. Вай дилҳои ин одамонро идора мекунад. Вай ҳамаи ин бадиро талқин мекунад - дурӯғгӯӣ, дуздӣ, нафсу шаҳват, фиреб, интиқомгирӣ, худнамоӣ ва худпешбарӣ. Агар шайтон дар дилат сокин бошад ва туро ба ин ё дигар гуноҳҳо васваса мекунад, пас ба назди Худои худоён биё, ки Писари ягонаи худро, Исои Масеҳро дод, ки барои гуноҳҳои ту ва гуноҳҳои тамоми олам ҷон диҳад (Инҷили Юҳанно 3:16).
Шояд ту мепурсӣ: “Чӣ тавр ин шуда метавонад? Чӣ тавр Ҳамон, ки ин қадар бузург, пурқувват ва пуриқтидор аст дар дили ман сокин бошад” (Ишаъё 57:15)?
Агар ту аз гуноҳ хастаю монда шудӣ, пас сӯи Худо фарёд карда, тавба кун. Гуноҳҳои ту ба воситаи имон ба Худо ва хуни наҷотбахши Масеҳ бахшида мешаванд ва ту табиати навро қабул мекунӣ. Пас вақте ки шайтон барои озмоиш кардан биёяд, ту ҳузури Худои пурқудратро ҳис мекунӣ. Худо туро роҳнамоӣ мекунад ва ҳамаашро ёд медиҳад (Инҷили Юҳанно 14:26).
Дар Инҷили Юҳанно 10:10 Исо ҳаёти фаровонро ваъда медиҳад ва Ӯ қодир аст, ки онро ба ту диҳад. Ин тӯҳфа аз они ту мешавад, агар ту ба Ӯ вафодор ва итоаткор бошӣ. “Агар орзуманд бошед ва бишнавед, неъматҳои заминро хоҳед хӯрд.” (Ишаъё 1:19). Ягон шахси дигар монанди Худо бузург нест. Агар ин ба дилат таъсир кардааст, ту метавонӣ китобча “Ту бояд аз боло таваллуд ёбӣ”-ро хонӣ. Ин ва дигар китобчаҳо дар суроғаи зерин дастрас ҳастанд.