Ҷавоб барои ту
Оё медонӣ, ки шахсе ҳаст, ки ҳама чизро дар бораи ту медонад? Исо, Писари Худо, ҳар чизеро, ки ту кардаӣ, медонад. Ӯ ҷаҳон ва ҳар чизеро, ки дар рӯи замин ҳаст, офарид. Ӯ ҳамаи чизҳои гузашта, ҳозира ва ояндаро медонад. Ӯ туро дӯст медорад ва ба ин ҷаҳон омад, то ки туро аз гуноҳҳоят наҷот диҳад. Ӯ барои зиндагиат нақша дорад, то ки ту хушбахт бошӣ.
Рӯзе Исо бо дӯстонаш сафар мекард. Ӯ ба як қишлоқи Сомарӣ омад. Исо дар назди чоҳ барои истироҳат нишаст ва дӯстонаш барои нон харидан рафтанд.
Ҳангоме ки Исо дар он ҷо менишаст, як зан барои об гирифтан ба назди чоҳ омад. Исо ба вай гуфт: “Ба ман об дода метавонӣ?”
Матни пурра: Ҷавоб барои ту
Ин зан ҳайрон шуд. “Ту аз ман об пурсидӣ?” вай дар ҳайрат аз Исо пурсид. “Намедонӣ, ки ман сомарӣ ҳастам ва яҳудиён бо мо тамоман рафтуомад намекунанд?”
Исо оромона ҷавоб дод: “Агар ту дар бораи Худо медонистӣ ва медонистӣ ту бо кӣ гап мезанӣ, пас ту аз ман хоҳиш мекардӣ, ки ба ту оби зинда диҳам. Ман бо шодӣ ба ту оби зиндаро медодам.”
Зан ба Исо дар тааҷҷуб нигоҳ кард. Вай гуфт: “Оғо, ин чоҳ чуқур аст. Ва ту ягон чиз надорӣ, ки обро гирӣ. Чӣ тавр оби зиндаро мегирӣ?”
Исо дар ҷавоб дод: “Онҳое, ки аз ин чоҳ менӯшанд, боз ташна мемонанд. Лекин агар ту аз он обе, ки ман медиҳам, бинӯшӣ, ҳеҷ вақт ташна нахоҳӣ монд.”
Зан гуфт: “Оғо, ба ман ин обро деҳ, ки ман дигар ҳеҷ гоҳ ташна набошам ва барои гирифтани об дигар ба ин ҷо наоям.”
Исо гуфт: “Рафта, шавҳаратро фарёд кун ва гашта биё”.
“Ман шавҳар надорам” зан ҷавоб дод.
“Ин дуруст аст” гуфт Исо. “Ту панҷ шавҳар доштӣ, лекин ҳамон марде, ки ҳоло дорӣ, шавҳари ту нест.”
Зан ҳайрон шуд, ки чӣ тавр ин одам ҳама чизро дар бораи ӯ медонист. “Оғо, ман мебинам, ки ту пайғамбар ҳастӣ. Ман ба ту савол дорам. Мардуми мо ба Худо дар ҳамин ҷо саҷда мекунанд. Шумо мегӯед, ки дар Иерусалим бояд саҷда кард.”
Исо ба вай гуфт: “Муҳим нест дар куҷо саҷда мекунӣ; акнун имондорони ҳақиқӣ метавонанд ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд.”
Зан гуфт: “Ман медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд, ки Масеҳ номида мешавад. Вақте ки ӯ меояд, ҳама чизро мефаҳмонад.”
Пас Исо ба вай гуфт: “Он кас Манам”.
Зан кӯзаи обро монду ба шаҳр рафт. Ӯ ба мардум гуфт: “Биёед, рафтем ва он шахсеро бинем, ки ҳар кори кардаамро ба ман гуфт. Шояд ӯ Таъиншудаи Худо бошад?”
Пас мардуми ҳамон шаҳр барои дидани Исо баромаданд. Бисёриҳо бовар карданд, ки вай Таъиншудаи Худо, Масеҳ, Наҷотдиҳанда аст, чунки вай ҳама чизро дар бораи онҳо медонист. Ту метавонӣ ин ҳикояро дар Инҷили Юҳанно 4:3-42 хонӣ.
Исо дар бораи мо ҳама чизро медонад, ҳам чизҳои нағз ва ҳам чизҳои бадро медонад. Мо мехоҳем чизҳои бадеро, ки дар зиндагиамон кардем, пинҳон кунем, лекин онро аз Исо пинҳон карда наметавонем. Ӯ омад, то ки моро аз ҷазое, ки мо барои корҳои бадамон бояд гирем, наҷот диҳад. Ӯ метавонад он ҳиссиёти вазнинеро аз диламон бардорад ва ба мо оромӣ бахшад. Исо ҷони худро дод, то ки гуноҳҳои моро гирад ва мо баъд аз маргамон ба осмон рафта тавонем.
Исо барои ҳамаи мӯҳтоҷию саволҳои ту ҷавоб аст. Ӯ мехоҳад дӯсти ту шавад. Ӯ мехоҳад холигии дилатро пур кунад. Ӯ метавонад тарсу ташвишатро бо сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ иваз кунад.
Исо гуфт: “Ба назди Ман биёед... ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам” (Инҷили Матто 11:28). Номи Исоро хонда, хоҳиш кун, ки ба ҳаёти ту биёяд. Худои бузургро бо имон қабул кун ва Ӯ дар дилат сокин мешавад. Ҳузураш ба ту хурсандӣ мебахшад. Ӯ ба ту қувват ва маънои зиндагӣ медиҳад. Ӯ барои ту ҷавоб хоҳад шуд.