Озодӣ аз тарс

Тарс чӣ аст? 

Тарс аз Худо 

Тарс аз оянда

Тарс аз нокомшавӣ 

Тарс аз азобкашӣ

Тарс аз марг

Тарс чӣ аст

Тарс душмани ниҳон аст ва одамони ҳар синну сол ва миллат, ҳар сатҳи зиндагиро гирифтор мекунад. Тарс ҳилагар ва барбоддиҳанда аст, он фикронии моро заҳролуд мекунад, осоиштагии дарунии моро медуздад ва шавқу таъми зиндагиро нобуд мекунад. Тарс моро асабонӣ, нороҳат, серташвиш, пурҳаяҷон, ғамгин ва беҷуръат мекунад; чӣ гуна ҳиссиёти нохушу номатлуб!

Мо аз ҷанҷол ва дигаргунӣ, нокомӣ ва рӯҳафтодагӣ метарсем. Баъзе одамон аз беморӣ ва азобкашӣ метарсанд. Дигарон метарсанд, ки азизони онҳо осеб мебинанд. Баъзеҳо аз одамони дигар ва фикри онҳо метарсанд. Дигарон аз торикӣ ё аз танҳо мондан метарсанд. Бисёриҳо аз мурдан ва аз чизҳои номаълум метарсанд. Масеҳиёне ҳастанд, ки метарсанд ки наҷоти онҳо мустаҳкам нест, ё аз он, ки Худо гуноҳҳояшонро набахшида бошад. Онҳо на фақат аз мурдан метарсанд, лекин инчунин аз зиндагӣ кардан ҳам метарсанд.

Тарс бисёр оҳиста ва хомӯшона ба ақламон медарояд ва мо бисёр вақт пайхас намекунем, ки гирифтори таъсири вайронкунандаи он шудаем. Ҳатто тарси хурдакак, ки монанди қатраи ранг дар пиёлаи об аст, ҳамаашро беранг мекунад. Агар ин ҷараёни хурдакаки тарс манъ нашавад, он ба дарёи васеъ табдил меёбад ва фикрҳои дигар ба он ҷорӣ мешаванд.

Матни пурра: Озодӣ аз тарс

Зиндагӣ мураккаб аст, олам золим аст, лекин нооромии беруна набояд оромии даруниро вайрон кунад. Мо бояд бо тарсе, ки дар даруни мо ҳаст, рӯ ба рӯ шавем. Вақте ки мӯҳтоҷии муҳимтарини мо қонеъ намешавад, тарс меояд. Ҷони мо, ки ба шабоҳати Худо офарида шуд, сӯи Худо фарёд мекунад. Вақте ки мо аз Худо дур ҳастем, мо аз воҳима, ҳиссиёти манфӣ ва тарс пур шуда метавонем.

Шайтон аз тарсҳои мо дар пуррагӣ истифода мебарад. Вай ҳар имкониятро истифода мебарад, ки тарсҳои моро зиёдтар кунад ва вонамуд мекунад, ки онҳо боз ҳам воқеитар ва мантиқӣ намоянд. Роҳи мо хиратару ториктар мешавад ва бори диламон он қадар гаронтару вазнинтар мешавад, ки мо тамоми умед барои халос шудан аз даст медиҳем.

Шайтон дар торикӣ кор мекунад. Вай дар нур амал карда наметавонад, чунки “Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест” (1-ум Юҳанно 1:5). Шайтон сустиҳои моро медонад ва дар ин соҳаҳо ба мо фикру тарсҳои худро медиҳад.

Вай кӯшиш мекунад ҳақиқатро несту нобуд кунад ва моро бо дурӯғ моро фиреб диҳад. Агар мо ин чизҳоро дар торикии дилу ақламон пинҳон кунем, пас шайтон кори золимашро барои овардани рӯҳафтодагӣ ва тарс давом медиҳад. Агар мо шайтонро бо нур фош кунем, ӯро мағлуб кардан мумкин аст ва қувваҳои ӯро пеш карда метавонем.

Худотарсӣ

Гуноҳ тарси бузургро ба вуҷуд меоварад, ки аз донистани он бармеояд, ки зиндагии мо ба Худо писанд нест. Ин рӯзи фоҷиовар буд, вақте ки Одаму Ҳавво ба пешниҳоди шайтон таслим шуданд ва ба аҳкоми Худо беитоатӣ карданд, ки гуфта буд, ки аз дарахти дар васати боғ нахӯранд. Онҳо ба воситаи беитоатиашон гуноҳ карданд ва баъдтар аз ҳузури Худо пинҳон шуданд. Он шом Худо онҳоро хонд ва Одам гуфт: “Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам” (Ҳастӣ 3:10). Баъд аз он тамоми одамизод аз насл ба насл зери сояи тарс афтоданд. Агар ин тарс аз доварии Худо одамро барои тавба кардан барои гуноҳҳояш водор кунад, он дар зиндагии одам қуввати мусбат шуда метавонад. “Тарси Худованд ибтидои ҳикмат аст” (Забур 110:10). Ин эҳтиром ва тарс бисёр дуруст аст, ки мо нисбати Худо ҳис мекунем. Мо қисман бузургии Худоро, адолату довариаш, муҳаббату марҳаматаш, ҳикматаш ва вуҷуди абадиашро мебинем. Худо ҳамадон ва пурқудрат аст ва дар ҳама ҷо ҳузур дорад. Мо мефаҳмем, ки худи ҳастии мо пурра дар дастони Худо ҳаст ва мо ҳамчун офаринишаш пеши Ӯ ҳастем. Мо метарсем, ки Худоро ба ғазаб биёрем. Мо медонем, ки  аз рӯи адолати Худо онҳое, ки дар гуноҳ зиндагӣ мекунанд, ба оташи дӯзах доварӣ мешаванд: “Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, — дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад, балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки хасмҳоро ба коми худ хоҳад кашид.” (Ибриён 10:26-27). Аз барои донистани ин мо аз гуноҳ кардан метарсем. Вақте ки мо Худоро ҳамчун дӯсти худ ба воситаи тавба, бахшиш ва итоаткорӣ мешиносем, он вақт нияти хизмати мо ба Худо худотарсӣ, муҳаббат ва миннатдорӣ барои бахшоиши наҷоти ногуфтаниаш мешавад. “Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.” (1-ум Юҳанно 4:18). Худотарсӣ ин тарсе нест, ки диламонро бо ваҳму ҳарос пур мекунад, лекин худотарсӣ муҳаббати моро нисбати Худо зиёд мекунад. Вақте мо худотарсиро ба зиндагии худ пурра қабул мекунем, он қодир аст, ки ҳар тарси дигарро мағлуб кунад. Пас чаро ин қадар одамони зиёд ба тарс иҷозат медиҳанд, ки дили онҳоро забт кунад, ақли онҳоро нороҳат кунад ва роҳи зиндагии онҳоро хира кунад? Роҳи Худо ин роҳи сулҳу осоиштагӣ ва боварӣ аст.

Дар як ҳикоя дар бораи кӯдаке нақл мешавад, ки дар шаби торик дар танҳоӣ гаштан метарсид, лекин вақте ки падараш ӯро аз дасташ гирифта, дар наздаш мерафт, тамоми тарс нест мешуд. Акнун дар торикӣ ягон тарс набуд, чунки кӯдак падарашро дӯст медошт ва ба ӯ бовар мекард, ва медонист, ки падараш барои вай ғамхорӣ мекунад. Ин барои мо калид аст, ки мо аз тарс озод бошем: мо бояд Падари осмониамонро нағз шиносем. Ҳангоме ки мо Худоро мешиносем, мо пурра ҳаёти худро ба Ӯ бовар мекунем ва дасти худро бетарс ба дасти Ӯ медиҳем. Мо дар фурутанӣ аз Ӯ ҳамаи он саволҳое, ки ақли моро ташвиш медиҳанд, мепурсем ва ҳамаи он ғами зиндагиро, ки моро ноумед мекунанд, ба Ӯ нақл мекунем.

Мо намунаи ибрати ҳаввори Петрусро дидем, вақте ки Исо ба ӯ гуфт, ки дар байни тӯфону мавҷҳо болои оби баҳри Ҷалил роҳ равад. Петрус наметарсид то даме, ки чашмонашро ба Худованд нигоҳ медошт ва ба мавҷҳои тарсовар нигоҳ намекард. Лекин вақте ки ба мавҷҳо нигоҳ кард, вай ғарк шуданро сар кард (Инҷили Матто 14:24-31). Вақте ки мо кӯшиш мекунем аз тарс озод шавем ва боварии худро ба Худо гузорем, он вақт Рӯҳаш ба мо бо овози ором гап мезанад. Вақте ки мо на ба тарсҳои худ, лекин ба Худо нигоҳ мекунем, тӯфон дар атрофи мо ором мешавад. Он гоҳ Худо метавонад ба саволҳои душворамон ҷавоб диҳад, шакку шубҳаҳои моро бо боварӣ иваз кунад ва дасти моро гирифта, моро тасаллӣ диҳад. Мо ба воситаи файзаш таъсири фалаҷкунандаи тарсро фалаҷ мекунем.

Тарс аз оянда 

Чизҳои ниҳону номаълуми оянда баъзе одамонро нороҳат мекунанд. Онҳо ҳар рӯз дар рӯзи пешгӯинашаванда бедор мешаванд. Вақте ки фикрҳояшон ба роҳҳои торики тарси хаёлӣ меравад, онҳо бо гуфтаи “агар ин рӯй диҳад” дучор мешаванд. “Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед” (Филиппиён 4:6). Вақте ки мо ояндани худро ба дастони Худо бовар мекунем, мо метавонем бори номаълумиро ба Ӯ супорем. Кӯшиш кун ва худат бин!

Бисёриҳо аз оянда метарсанд, чунки барои зиндагии худ ягон самту роҳнамоӣ надоранд. Онҳо намедонад ба куҷо рафта истодаанд ва дар дилашон гувоҳӣ дар бораи рӯй додани чизҳои бад ҳаст. Худо медонад, ки дар пеш чӣ истодааст, ва вақте ки мо ба Ӯ иҷозат медиҳем, ки моро роҳнамоӣ кунад, зиндагиамон дигар сафари бемақсад намешавад, балки ин роҳ сӯи хона мешавад.

Худо ваъда кард, ки нисбати онҳое, ки ба Ӯ бовар мекунанд, вафодор мемонад, ҳатто агар онҳо бо ояндаи номаълум рӯ ба рӯ мешаванд. Оё ба ин бовар мекунӣ? Новобаста аз он, ки чӣ қадар тӯфон сахт аст, чӣ қадар шаб торик аст ё чӣ қадар кӯҳ баланд аст, Худо туро аз он мегузаронад.

Тарс аз нокомшавӣ

Мо хоҳиш дорем, ки ба як чизи назаррас ноил шавем, лекин аз ноком шудан метарсем, дар чашми оилаи худ ё дар худи зиндагӣ ноком мешавем. Мо метарсем, ки қарори нодуруст мекунем ва нақшаи нодурустро иҷро мекунем.

Худо ба Ҷошуа фармуд: “Қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст” (Еҳушаъ 1:9). Вақте ки мо ҳаёти худро зери роҳбарии Оғо мегузорем, шояд нокомёбиҳои гузашта тамом намешаванд; лекин онҳо қадамҳои оянда сӯи муваффақият мешаванд.

Тарс аз азобкашӣ

Аз фикри дарди ҷисмонӣ, озори танқид, алами танҳоӣ ва ғаму ғусса дили ҳамаи мо ба танг меояд. Худо моро аз тамоми азобу уқубат муҳофизат намекунад, лекин Ӯ ба мо файз мебахшад, ки онро бардошт кунем. Ӯ ваъда кардааст, ки дар байни мусибатҳоямон ба мо оромӣ ва мустаҳкамӣ мебахшад. “Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад; бинобар ин нахоҳем тарсид” (Забур 45:2-3). Агар мо Худовандро дӯст дорем, Ӯ азобу уқубати моро барои нафъи мо истифода мебарад.

Азобу уқубат ба мо имконият медиҳад, ки ҳузуру қуввати ёрирасони Худоро шиносем. Инчунин он хислати моро чуқур мекунад ва ба диламон фаҳмиш меорад. Азобу уқубат ё моро обод карда ва сохта метавонад ё шикаст дода метавонад. Бо ту кадомаш рӯй медиҳад?

Тарси марг

Тарси марг барои одамизод бисёр одатӣ аст. Видоъ гуфтан вазифаи душвортарин аст.

Мо бояд бо саволи қадимӣ рӯ ба рӯ шавем: “Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?” (Айюб 14:14). Исо омад, то ки моро аз тарси марг озод кунад (Ибриён 2:14-15). Аз барои ҳамин Исо дар салиб ҷони худро дод ва аз мурдагон зинда шуд, ва аз барои ҳамин Ӯ ваъда кард: “Азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист” (Инҷили Юҳанно 14:19). Агар мо бо Ӯ бошем, марг дар сӯи нестию фано нест, лекин он дарвозаи дурахшон ба ҳаёти нав аст. “Дили шумо музтариб нашавад… Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст... Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам” (Инҷили Юҳанно 14:1-2). Ин ҷои тайёршуда барои одамони тайёршуда мешавад.

Оё ту тайёр ҳастӣ? Оё ту барои ҳаёти пургуноҳат тавба кардаӣ? Тавбакунӣ ин афсӯсхӯрӣ барои гуноҳҳои гузашта ва рӯй гардондан аз ҳаёти гузашта. Кай ту бори охирин ба назди Худованд дар дуо омада, бори андӯҳ, ғаму ғусса ва тарси худро ба Ӯ додаӣ? Исо гуфтааст: “Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид” (Инҷили Матто 11:28). Чӣ даъват аст! Чӣ ваъда аст!

Бо боварӣ, дуо ва умед биё ва ту оромии ҷонӣ пайдо хоҳӣ кард.

Ба назди Исо биё ва ту шодии нарм ва ҳаёти ором меёбӣ. Худо туро даъват мекунад, ки ба Исои Масеҳ бовар кунӣ ва озод шавӣ, аз тарс озод шавӣ. Биё!

Тамос бо мо

Дархости рисолаҳо

Оромӣ барои ақлу ҷонамон дар олами серташвиш

Peace

“Куҷо аст оромӣ ва сулҳу осоиштагӣ—барои халқи мо, хонаводаҳои мо ва пеш аз ҳама барои дилу ақли мо?” Ин доди ноилоҷӣ давоми асрҳо садо медиҳад. Оё дар дилат ҳам ин дод ҳаст?

Одамон дилхаста ва пуризтироб ҳастанд. Бешубҳа одамон мӯҳтоҷи роҳнамоӣ, маслиҳат, бехатарӣ ва дилпурӣ ҳастанд. Мо мӯҳтоҷу хоҳони оромии ҷонӣ ҳастем.

Оромии ҷонӣ—чӣ ганҷе аст! Оё ин ганҷро дар ҷаҳоне, ки он қадар низоъ, ноумедӣ, бетартибӣ ва нороҳатӣ зиёд аст, ёфтан мумкин аст?

Матни пурра: Оромӣ барои ақлу ҷонамон дар олами серташвиш

Ҷустуҷӯи бузург сар шуд! Одамони зиёд оромиро дар шуҳрат ва сарват, дар ҳаловат ва қудрат, дар илм ва дониш, дар муносибат бо одамон ва хонадоршавӣ меҷӯянд. Баъзе одамон мехоҳанд сари худро бо дониш ва ҳамёни худро бо сарват пур кунанд, лекин ҷонашон холӣ мемонад. Дигарон кӯшиш мекунанд, ки аз воқеияти зиндагӣ бо итифода аз нашъа ва арақхӯрӣ гурезанд, лекин оромие, ки онҳо меҷӯянд, аз онҳо ҳама вақт дур мешавад. Онҳо то ҳол холӣ ва танҳо ҳастанд, то ҳол дар олами серташвиш бо ақли серташвиш ҳастанд.

Одам дар парешонӣ ва бесарусомонӣ

Худо одамро офарид ва ӯро дар боғи зебо гузошт, то ки аз оромӣ, шодию хушбахтии комил ҳаловат барад. Аммо вақте ки Одаму Ҳавво беитоатӣ карданд, ҳисси айб дарҳол ба онҳо зарба зад. Пеш аз ин онҳо иштиёқманди ҳузури Худо буданд, лекин акнун онҳо дар ҳиҷолат пинҳон шуданд. Ҳисси айб ва тарс ҷои оромию хушбахтии пештарро гирифт. Гуноҳи одам оғози олами серташвиш—ва ақли серташвиш шуд.

Ҳатто агар ҷони мо хоҳони Худо аст, лекин табиати гуноҳкорамон бар зидди роҳҳояш исён мекунад. Аз барои ин муборизаи дарунӣ фишор ва парешонӣ ба вуҷуд меояд. Вақте ки мо мисли Одаму Ҳавво дар орзую хоҳишҳои худамон худпараст мешавем, мо пурҳаяҷон ва қаҳролуд мешавем. Чӣ қадаре ки мо зиёдтар ба худамон таваҷҷӯҳ медиҳем, он қадар ташвишамон зиёдтар мешавад. Номуайяниҳои зиндагӣ ва олами фосиду тағирёбанда бехатарии моро такон медиҳад ва оромии моро вайрон мекунад.

Ҳатто агар ту нафаҳмидӣ ё қабул накардӣ, лекин гуноҳ метавонад сабаби ташвишу нооромии ту бошад. Одамони бисёр оромиро дар байни чизҳои берунӣ ва моддӣ меҷӯянд. Онҳо олами серташвишро барои ақли серташвишашон айбдор мекунанд. Лекин онҳо ба даруни дилашон нигоҳ намекунанд.

Исои Масеҳ, Мири осоиштагӣ

То даме ки ҳама ҷанбаҳои ҳаётамон бо Ҳамоне, ки моро офарид ва мефаҳмад, ба мувофиқа набиёяд, ягон оромию осоиштагӣ намешавад. Ин фақат он вақт мумкин аст, ки агар пурра худро ба Масеҳ супорӣ. Ӯ на фақат соҳиби ҷаҳон аст, лекин ҳаёти моро аз аввал то охир медонад. Вақте ки Ӯ ба дунё омад, Ӯ дар бораи мо фикр мекард: “то ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад” (Инҷили Луқо 1:79).

Исо ба ҷои торикӣ нур, ба ҷои ҷанҷол оромӣ, ба ҷои ғаму ғусса хурсандӣ, ба ҷои маъюсӣ умед ва ба ҷои марг ҳаёт медиҳад. Ӯ дар Инҷили Юҳанно 14:27 мегӯяд: “Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам... Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.”

Тавба ба ҷонамон оромӣ мебиёрад

Вақте ки ту ҳис мекунӣ, ки бори вазнини гуноҳ туро зер мекунад, ҳалли мушкилӣ дар ин аст: “Тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад” (Аъмоли ҳаввориён 3:19). Исо туро ба ин саргузашти муҳимтарину тақдирсоз даъват мекунад. “Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид” (Инҷили Матто 11:28). Дар 1-ум Юҳанно 1:9 ваъда дода мешавад: “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.” Оё ту даъвати Ӯро қабул мекунӣ?

Вақте ки ту ба назди Исо мебиёӣ, ту бахшиш ва озодӣ пайдо мекунӣ. Муҳаббат ва марҳамат ба ҷои ғазаб ва нобахшиш дилатро пур мекунад. Агар Исо дар дилат ҳукмрон бошад, ту душманони худро дӯст медорӣ. Ин бо қуввати хуни кафоратдиҳандаи Масеҳ имконпазир аст.

Оромии доимӣ

Барои одами масеҳӣ имон ба Худо ва боварӣ ба ғамхории Ӯ даво зидди тарс ва изтироб аст. Ба Худои тағирнашаванда, ки азал то абад аст, бовар кардан чӣ қадар оромибахш аст. Ӯ моро дӯст медорад ва ҳамеша барои мо ғамхорӣ мекунад. Пас чаро ғам хӯрем ва ошуфтаҳол бошем? Аз рӯи гуфтаҳо дар 1-ум Петрус 5:7 рафтор кун: “Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.” Инчунин ба мо ваъда дода шудааст: “Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.” (Ишаъё 26:3).

Вақте ки Исо дар дили ту бошад, он гоҳ ҷустуҷӯи оромиат ба охир мерасад. Ӯ ба ту оромӣ ва сулҳу осоиштагие медиҳад, ки фақат аз бовар кардан ба Ӯ меояд. Он вақт ту ҳамроҳи шоир инро гуфта метавонӣ:

Дар ҷое ки сулҳ нест, ман сулҳро медонам
Оромиро дар ҷое, ки бодҳои шадид мевазад,
Ин чои ниҳоне, ки дар он бо Хӯҷаини худ
Рӯ ба рӯ мешавам.
-Ралф Спалдинг Кушман

Дар олами серташвиш ту барои ҷонат оромӣ пайдо мекунӣ! Дари дилатро ба Масеҳ кушо—худи ҳозир—ва рӯзе Ӯ дари осмонро ба рӯи ту мекушояд, ки дар он ҷо оромии комил абадан ҳукмрон мешавад.

Тамос бо мо

Дархости рисолаҳо

Гӯш кун! Кӣ туро фарёд мекунад?

The listening lamb

Инҷили Юҳанно 10:1-18

Ягон бор шунидаӣ, ки ягон одам номи туро фарёд мекард, лекин намедонистӣ овозаш аз куҷо меомад? Ё шояд овозашро ба зӯр мешунидӣ, чунки дар гирду атрофат ғалоғулаи зиёд буд.

Гӯш кун, овозе туро фарёд мекунад. Туро!

Матни пурра: Гӯш кун! Кӣ туро фарёд мекунад?

Ту кӣ ҳастӣ? Номи ту чист? Ту аз куҷо омадӣ? Ту дар куҷо зиндагӣ кардӣ? Ту ба куҷо меравӣ?

Ту номи деҳаатро медонӣ. Шояд дар ягон ҷои дигар ҳеҷ вақт набудӣ. Аммо медонӣ, ки деҳаат қисми кишвари калон аст ва ҳама кишварҳо қисми ҷаҳони бузург аст.

Китоби Муқаддас

Ҷаҳон тахминан 6000 сол пеш офарида шудааст. Худо онро офарид. Худо китобе дорад номаш Китоби Муқаддас аст, ки дар он нақл шуда аст чӣ тавр Худо ҷаҳонро офарид, чӣ тавр марду зани аввалро офарид. Худо одамро ба шабоҳати худ офарид.

Аз он вақт боз кӯдакон таваллуд мешаванд. Аз он вақт боз одамон вафот мекунанд. Ҳазорону ҳазорон одамон ба дунё меоянд ва мефавтанд.

Ту аз падару модарат таваллуд шудаӣ. Лекин дар асл Худо туро офарид. Ӯ ҳама чизро офарид. Оё фикр кардӣ чӣ қадар аҷоиб Худо ҳама чизро офарид ва чӣ тавр туро офарид?

Падару модарат ба ту ном додаанд. Худо номи туро медонад. Ӯ номи ҳар одамро медонад, новобаста аз он дар кадом забон бошад. Ӯ ҳама чизро медонад.

Худо ҳамаашро дар бораи мо медонад, чунки Ӯ моро офарид. Ӯ моро дӯст медорад, чунки мо аз они Ӯ ҳастем. Ӯ Падари осмонии мо аст ва барои мо аз падару модарамон дида бештар ғамхорӣ мекунад.

Худо

Худо ҳама вақт вуҷуд дошт. Ӯ абадан зинда аст. Барои ҳамин вақте ки Ӯ ҳаёташро ба мо дамид, мо ҳам махлуқи абадӣ шудаем. Не, ҷисми мо не, он мемуранд, лекин ҷонамон абадан зиндагӣ мекунад.

Ту Худоро мешиносӣ? Шояд ту савол дошта бошӣ: “Худо кӣ аст? Ӯ дар куҷо ҳаст?”

Оё ту дар ҳақиқат Худоро шинохтан мехоҳӣ? Албатта, ту шинохтан мехоҳӣ. Дар дохилат ту Худоро шинохтан мехоҳӣ.

Ту Худоро ҳеҷ гоҳ надидаӣ, дуруст? Не, лекин ин маъно надорад, ки Худо нест.

Фақат як Худо ҳаст. Ҷо барои дигар худо нест, чунки ҳамон, ки дар аслу ҳақиқат Худо аст осмон ва заминро пур мекунад. Ӯ дар айни лаҳза дар ҳама ҷо аст.

Худо дар осмон сукунат дорад, ин макони зебо дар боло, лекин Худо инчунин дар дилҳои ҳамон одамоне сокин аст, ки ба овозаш итоат мекунанд.

Чӣ тавр ман Худоро шиносам? Шояд ту ин саволро дошта бошӣ. Худо нақшаи аҷоиб дорад ва мехоҳад нишон диҳад чӣ тавр мо Ӯро шинохта метавонем.

Худо Писари ягонаи худро – Исоро аз осмон фиристод, то ки ба одамизод нишон диҳад, ки Худо чӣ гуна аст ва чӣ хислат дорад. Худо ва Исо як ҳастанд.

Писари Худо ба таври мӯъҷизаовар ҳамчун кӯдак таваллуд шуд ва ба воя расид. Баъд Исо давоми се сол ба одамон дар бораи муҳаббати Худо, Падари худ, нақл мекард. Исо ба одамон мегуфт, ки Худо муқаддас аст ва гуноҳро дидан ва тоқат карда наметавонад.

Баъд Худо роҳеро барои мо кушод, то ки мо аз гуноҳҳоямон наҷот ёбем. Худо иҷозат дод, ки одамони шарир Писараш Исоро ба салиб мехкӯб кунанд. Ӯ ҷони худро қурбонӣ кард – муҳаббаташ ин қадар бузург аст!

Ӯ қурбоние шуд, ки метавонад барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон кафорат диҳад – ҳар гуноҳе, ки ту кардаӣ, ҳар гуноҳи ҳар писарак, ҳар духтарча, ҳар зан ва мард.

Оё Исо дар салиб монд? Оё Исо дар қабр монд? Не, баъд аз се рӯз Ӯ бо ғалаба аз мурдагон зинда шуд. Пас Ӯ ба осмон рафт ва он вақтеро интизор аст, ки Худо гӯяд ки ин ҷаҳон бояд ба охир расад. Баъд Ӯ тамоми одамизодро одилона доварӣ мекунад.

Ту Инҷили Юҳанноро дорӣ? Боби 10-ро хон. Юҳанно навишт, ки Исо ба мардум чӣ мегуфт. Гуфтаҳои Ӯ имрӯз ҳам барои мо эътибор дорад. Исо гуфт, ки Ӯ чӯпони нек аст ва ҷони худро барои барраҳояш медиҳад. Мо рама ҳастем. Онҳое, ки барраҳои Ӯ ҳастанд, овозашро мешиносанд. Ӯ онҳоро ном ба ном мехонад. Онҳо аз ақиби шахси бегона намераванд.

Бегона - овози дигар

Ин шахси бегона кӣ аст, ки аз ӯ бояд гурезем? Оҳ, вай дузд аст! Вай тамоман ғами гӯсфандонро намехӯрад. Вай дурӯғгӯй аст. Дар вай ростӣ нест. Вай шайтон аст. Вай душмани мо аст, иблис аст.

Лекин пеш аз ҳама вай душмани Худо аст. Пештар вай фариштаи нек буд, дар осмон бо Худо буд. Аммо вай мағрур шуд ва худро аз Худо болотар бардошт. Вай бар зидди Худо ҷангид ва бисёр фариштаҳои дигар ба вай ҳамроҳ шуданд. Худо ғолиб баромад, чунки тамоми қувват дар дасти Ӯст. Барои ҳамин Худо шайтонро ва ҳамаи пайравонашро аз осмон ронд. Барои ҳамаи он шайтон аз Худо нафрат дорад.

Аз барои он, ки вай ҳеҷ вақт ба Худо наздик шуда наметавонад, вай ғазабашро бар зидди офариниши Худо, одамони ҷаҳон мерезад. Азбаски вай гуноҳ кард, вай кӯшиш мекунад ҳамаро ба гуноҳ андозад. Гуноҳ дигар ҳеҷ вақт ба осмон дохил шуда наметавонад.

Ҷои дигар ҳаст, ҷое, ки Худо барои шайтон ва девҳояш офарид. Ин дӯзах аст. Дӯзах ин ҷои азобу уқубат аст. Ин оташи сӯзон аст, ки ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад. Ин ҷоест, ки шайтон ва пайравонаш ҷазои абадӣ мегиранд. Ин ҷои даҳшатовар аст ва Худо маҷбур мешавад моро ба он ҷо фиристад, агар мо интихоб кунем, ки ба овози шайтон гӯш кунем.

Шайтон намехоҳад, ки мо дар бораи дӯзах фикр кунем. Вай намехоҳад, ки мо дар бораи Худо фикр кунем. Аз барои ҳамин вай кӯшиш мекунад диққати моро аз Худо дур кунад. Шайтон кӯшиш мекунад моро маҷбур кунад, то ки мо ба овозаш гӯш кунем.

Оё ту дар дохилат ин овози дигарро, овози бегонаро шунидаӣ?

Баъзан вай моро бовар мекунонад, ки вай барои мо чизҳои нағз пешниҳод мекунад. Баъзан вай мехоҳад, ки мо фикр кунем: “Ман аз дигарон беҳтар ҳастам. Ман муҳим ҳастам. Аввал ман. Ман қасос мегирам. Ман бояд барои ҳуқуқҳоям мубориза барам. Дуздидан мумкин аст, фақат ки маро дастгир накунанд. Ҳама дурӯғ мегӯянд, ман ҳам метавонам. Фикрҳои нопок он қадар бад нестанд - охир ҳеҷ кас намедонад, ки ман дар бораи чӣ фикр мекунам. Гуфтани суханони дашном барои хандондан мумкин аст.”

Ва дар вақтҳои дигар шояд ту бисёр сахт рӯҳафтода шудаӣ ва чунин фикр меомад: “Ман одами ношоям ҳастам, чаро зиндагиро давом диҳам?”

Ҳамаи ин овози шайтон аст. Вай дурӯғгӯй аст. Аз барои ҳамин вай мехоҳад, ки мо ҳам дурӯғгӯй шавем. Вай дузд аст ва барои ҳамин мехоҳад, ки мо ҳам дуздӣ кунем. Вай қотил аст ва аз барои ҳамин кӯшиш мекунад, ки мо ҳам аз дигарон нафрат кунем.

Вақте ки ту ба ин овоз гӯш мекунӣ, чӣ тавр худро ҳис мекунӣ? Оё худро дар дохилат нағз ҳис мекунӣ? Не, аз барои ин овоз ту худро бадбахт ҳис мекунӣ. Аз барои он ту пинҳон шудан мехоҳӣ. Шайтон ин гуна аст. Вай корҳояшро дар торикӣ кардан нағз мебинад.

Исо - овози чӯпон

Ту Исо, чӯпони некро мешиносӣ? Ту мехоҳӣ барраи Ӯ шавӣ? Ту мехоҳӣ овозашро шиносӣ?

Албатта, ту метавонӣ. Лекин аввал ту бояд дигар ба овози бегона гӯш накунӣ.

Акнун, вақте ки ту хомӯш хастӣ, ту овози нарми Исоро мешунавӣ, ки туро мехонад, то ҳаётатро ба Ӯ бубахшӣ. Ту мешунавӣ чӣ тавр Ӯ ба ту мегӯяд, ки ту барои ҳамаи гуноҳҳоят тавба карда, онҳоро эътироф кунӣ.

Шояд рӯзе, вақте ки ту бисёр ором будӣ, ту фикр мекардӣ: “Ман бо тамоми бор ва ташвиши худ чӣ кор кунам? Ман мехостам одами нағз бошам. Ман мехоҳам дар ҷое бошам, ки дигар гурусна ва касал набошам. Вақте ки ман вафот кунам, бо ман чӣ мешавад?”

Ва шояд боз бисёр фикрҳои дигар доштӣ. Ин овози Исо аст, ки туро фарёд мекунад.

Оё баъзан ту худро ғамгин ҳис мекунӣ, лекин ҳатто намедонӣ барои чӣ? Ё худро танҳо ҳис мекунӣ, вақте ки ҳатто танҳо нестӣ? Шояд ин аз барои он, ки ту ташнаи Худо ҳастӣ, ташнаи Худое, ки туро офарид ва туро дӯст медорад. Ӯ чӯпоне аст, ки гӯсфандони гумшудаи худро фарёд мекунад. Ӯ фарёд мекунаду фарёд мекунад ва туро меҷӯяду меҷӯяд!

Вақте ки ту овози Чӯпонро мешунавӣ, ба Ӯ ҷавоб деҳ. Ба Ӯ бигӯй, ки ту барои гуноҳҳоят афсӯс мехӯрӣ. Ба Ӯ бигӯй, ки худро чӣ тавр ҳис мекунӣ, ва аз Ӯ хоҳиш кун, ки туро наҷот диҳад. Ин дуохонӣ аст.

Ту ягон бор ба Худои осмон дуо хондаӣ? Ҳоло инро кун. Ӯ туро мешунавад ва мефаҳмад. Ӯ ба ту оромие, ки ту меҷӯӣ, мебахшад.

Оё ту мехоҳӣ барраи Ӯ шавӣ ва овозашро шиносӣ? Ӯ мехоҳад дӯсти ту шавад. Ӯ бори гуноҳатро мегирад. Ту худро дар дарун хушбахт ҳис мекунӣ. Ту монанди Ӯ нек ва меҳрубон мешавӣ. Ӯ ба ту ёрдам мекунад, ки ту тарсҳои худро мағлуб кунӣ.

Ҳатто агар дигарон туро аз барои масеҳӣ буданат масхара кунанд, ту медонӣ, ки Исо барои ту ғамхорӣ мекунанд. Ҳатто агар овози бегона туро васваса кунад, ту бояд ба Исо бовар кунӣ ва Ӯ ба ту ёрдам медиҳад, ки ту ғолиб бароӣ.

Вақте ки ту дар дастони меҳрубони Чӯпон бехатар ҳастӣ, ту медонӣ ки дар охир Ӯ туро ба хонаи зебову хушбахт мегирад ва дар он ҷо абадан бо Худо зиндагӣ мекунӣ!

Тамос бо мо

Дархости рисолаҳо