Гӯш кун! Кӣ туро фарёд мекунад?

The listening lamb

Инҷили Юҳанно 10:1-18

Ягон бор шунидаӣ, ки ягон одам номи туро фарёд мекард, лекин намедонистӣ овозаш аз куҷо меомад? Ё шояд овозашро ба зӯр мешунидӣ, чунки дар гирду атрофат ғалоғулаи зиёд буд.

Гӯш кун, овозе туро фарёд мекунад. Туро!

Матни пурра: Гӯш кун! Кӣ туро фарёд мекунад?

Ту кӣ ҳастӣ? Номи ту чист? Ту аз куҷо омадӣ? Ту дар куҷо зиндагӣ кардӣ? Ту ба куҷо меравӣ?

Ту номи деҳаатро медонӣ. Шояд дар ягон ҷои дигар ҳеҷ вақт набудӣ. Аммо медонӣ, ки деҳаат қисми кишвари калон аст ва ҳама кишварҳо қисми ҷаҳони бузург аст.

Китоби Муқаддас

Ҷаҳон тахминан 6000 сол пеш офарида шудааст. Худо онро офарид. Худо китобе дорад номаш Китоби Муқаддас аст, ки дар он нақл шуда аст чӣ тавр Худо ҷаҳонро офарид, чӣ тавр марду зани аввалро офарид. Худо одамро ба шабоҳати худ офарид.

Аз он вақт боз кӯдакон таваллуд мешаванд. Аз он вақт боз одамон вафот мекунанд. Ҳазорону ҳазорон одамон ба дунё меоянд ва мефавтанд.

Ту аз падару модарат таваллуд шудаӣ. Лекин дар асл Худо туро офарид. Ӯ ҳама чизро офарид. Оё фикр кардӣ чӣ қадар аҷоиб Худо ҳама чизро офарид ва чӣ тавр туро офарид?

Падару модарат ба ту ном додаанд. Худо номи туро медонад. Ӯ номи ҳар одамро медонад, новобаста аз он дар кадом забон бошад. Ӯ ҳама чизро медонад.

Худо ҳамаашро дар бораи мо медонад, чунки Ӯ моро офарид. Ӯ моро дӯст медорад, чунки мо аз они Ӯ ҳастем. Ӯ Падари осмонии мо аст ва барои мо аз падару модарамон дида бештар ғамхорӣ мекунад.

Худо

Худо ҳама вақт вуҷуд дошт. Ӯ абадан зинда аст. Барои ҳамин вақте ки Ӯ ҳаёташро ба мо дамид, мо ҳам махлуқи абадӣ шудаем. Не, ҷисми мо не, он мемуранд, лекин ҷонамон абадан зиндагӣ мекунад.

Ту Худоро мешиносӣ? Шояд ту савол дошта бошӣ: “Худо кӣ аст? Ӯ дар куҷо ҳаст?”

Оё ту дар ҳақиқат Худоро шинохтан мехоҳӣ? Албатта, ту шинохтан мехоҳӣ. Дар дохилат ту Худоро шинохтан мехоҳӣ.

Ту Худоро ҳеҷ гоҳ надидаӣ, дуруст? Не, лекин ин маъно надорад, ки Худо нест.

Фақат як Худо ҳаст. Ҷо барои дигар худо нест, чунки ҳамон, ки дар аслу ҳақиқат Худо аст осмон ва заминро пур мекунад. Ӯ дар айни лаҳза дар ҳама ҷо аст.

Худо дар осмон сукунат дорад, ин макони зебо дар боло, лекин Худо инчунин дар дилҳои ҳамон одамоне сокин аст, ки ба овозаш итоат мекунанд.

Чӣ тавр ман Худоро шиносам? Шояд ту ин саволро дошта бошӣ. Худо нақшаи аҷоиб дорад ва мехоҳад нишон диҳад чӣ тавр мо Ӯро шинохта метавонем.

Худо Писари ягонаи худро – Исоро аз осмон фиристод, то ки ба одамизод нишон диҳад, ки Худо чӣ гуна аст ва чӣ хислат дорад. Худо ва Исо як ҳастанд.

Писари Худо ба таври мӯъҷизаовар ҳамчун кӯдак таваллуд шуд ва ба воя расид. Баъд Исо давоми се сол ба одамон дар бораи муҳаббати Худо, Падари худ, нақл мекард. Исо ба одамон мегуфт, ки Худо муқаддас аст ва гуноҳро дидан ва тоқат карда наметавонад.

Баъд Худо роҳеро барои мо кушод, то ки мо аз гуноҳҳоямон наҷот ёбем. Худо иҷозат дод, ки одамони шарир Писараш Исоро ба салиб мехкӯб кунанд. Ӯ ҷони худро қурбонӣ кард – муҳаббаташ ин қадар бузург аст!

Ӯ қурбоние шуд, ки метавонад барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон кафорат диҳад – ҳар гуноҳе, ки ту кардаӣ, ҳар гуноҳи ҳар писарак, ҳар духтарча, ҳар зан ва мард.

Оё Исо дар салиб монд? Оё Исо дар қабр монд? Не, баъд аз се рӯз Ӯ бо ғалаба аз мурдагон зинда шуд. Пас Ӯ ба осмон рафт ва он вақтеро интизор аст, ки Худо гӯяд ки ин ҷаҳон бояд ба охир расад. Баъд Ӯ тамоми одамизодро одилона доварӣ мекунад.

Ту Инҷили Юҳанноро дорӣ? Боби 10-ро хон. Юҳанно навишт, ки Исо ба мардум чӣ мегуфт. Гуфтаҳои Ӯ имрӯз ҳам барои мо эътибор дорад. Исо гуфт, ки Ӯ чӯпони нек аст ва ҷони худро барои барраҳояш медиҳад. Мо рама ҳастем. Онҳое, ки барраҳои Ӯ ҳастанд, овозашро мешиносанд. Ӯ онҳоро ном ба ном мехонад. Онҳо аз ақиби шахси бегона намераванд.

Бегона - овози дигар

Ин шахси бегона кӣ аст, ки аз ӯ бояд гурезем? Оҳ, вай дузд аст! Вай тамоман ғами гӯсфандонро намехӯрад. Вай дурӯғгӯй аст. Дар вай ростӣ нест. Вай шайтон аст. Вай душмани мо аст, иблис аст.

Лекин пеш аз ҳама вай душмани Худо аст. Пештар вай фариштаи нек буд, дар осмон бо Худо буд. Аммо вай мағрур шуд ва худро аз Худо болотар бардошт. Вай бар зидди Худо ҷангид ва бисёр фариштаҳои дигар ба вай ҳамроҳ шуданд. Худо ғолиб баромад, чунки тамоми қувват дар дасти Ӯст. Барои ҳамин Худо шайтонро ва ҳамаи пайравонашро аз осмон ронд. Барои ҳамаи он шайтон аз Худо нафрат дорад.

Аз барои он, ки вай ҳеҷ вақт ба Худо наздик шуда наметавонад, вай ғазабашро бар зидди офариниши Худо, одамони ҷаҳон мерезад. Азбаски вай гуноҳ кард, вай кӯшиш мекунад ҳамаро ба гуноҳ андозад. Гуноҳ дигар ҳеҷ вақт ба осмон дохил шуда наметавонад.

Ҷои дигар ҳаст, ҷое, ки Худо барои шайтон ва девҳояш офарид. Ин дӯзах аст. Дӯзах ин ҷои азобу уқубат аст. Ин оташи сӯзон аст, ки ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад. Ин ҷоест, ки шайтон ва пайравонаш ҷазои абадӣ мегиранд. Ин ҷои даҳшатовар аст ва Худо маҷбур мешавад моро ба он ҷо фиристад, агар мо интихоб кунем, ки ба овози шайтон гӯш кунем.

Шайтон намехоҳад, ки мо дар бораи дӯзах фикр кунем. Вай намехоҳад, ки мо дар бораи Худо фикр кунем. Аз барои ҳамин вай кӯшиш мекунад диққати моро аз Худо дур кунад. Шайтон кӯшиш мекунад моро маҷбур кунад, то ки мо ба овозаш гӯш кунем.

Оё ту дар дохилат ин овози дигарро, овози бегонаро шунидаӣ?

Баъзан вай моро бовар мекунонад, ки вай барои мо чизҳои нағз пешниҳод мекунад. Баъзан вай мехоҳад, ки мо фикр кунем: “Ман аз дигарон беҳтар ҳастам. Ман муҳим ҳастам. Аввал ман. Ман қасос мегирам. Ман бояд барои ҳуқуқҳоям мубориза барам. Дуздидан мумкин аст, фақат ки маро дастгир накунанд. Ҳама дурӯғ мегӯянд, ман ҳам метавонам. Фикрҳои нопок он қадар бад нестанд - охир ҳеҷ кас намедонад, ки ман дар бораи чӣ фикр мекунам. Гуфтани суханони дашном барои хандондан мумкин аст.”

Ва дар вақтҳои дигар шояд ту бисёр сахт рӯҳафтода шудаӣ ва чунин фикр меомад: “Ман одами ношоям ҳастам, чаро зиндагиро давом диҳам?”

Ҳамаи ин овози шайтон аст. Вай дурӯғгӯй аст. Аз барои ҳамин вай мехоҳад, ки мо ҳам дурӯғгӯй шавем. Вай дузд аст ва барои ҳамин мехоҳад, ки мо ҳам дуздӣ кунем. Вай қотил аст ва аз барои ҳамин кӯшиш мекунад, ки мо ҳам аз дигарон нафрат кунем.

Вақте ки ту ба ин овоз гӯш мекунӣ, чӣ тавр худро ҳис мекунӣ? Оё худро дар дохилат нағз ҳис мекунӣ? Не, аз барои ин овоз ту худро бадбахт ҳис мекунӣ. Аз барои он ту пинҳон шудан мехоҳӣ. Шайтон ин гуна аст. Вай корҳояшро дар торикӣ кардан нағз мебинад.

Исо - овози чӯпон

Ту Исо, чӯпони некро мешиносӣ? Ту мехоҳӣ барраи Ӯ шавӣ? Ту мехоҳӣ овозашро шиносӣ?

Албатта, ту метавонӣ. Лекин аввал ту бояд дигар ба овози бегона гӯш накунӣ.

Акнун, вақте ки ту хомӯш хастӣ, ту овози нарми Исоро мешунавӣ, ки туро мехонад, то ҳаётатро ба Ӯ бубахшӣ. Ту мешунавӣ чӣ тавр Ӯ ба ту мегӯяд, ки ту барои ҳамаи гуноҳҳоят тавба карда, онҳоро эътироф кунӣ.

Шояд рӯзе, вақте ки ту бисёр ором будӣ, ту фикр мекардӣ: “Ман бо тамоми бор ва ташвиши худ чӣ кор кунам? Ман мехостам одами нағз бошам. Ман мехоҳам дар ҷое бошам, ки дигар гурусна ва касал набошам. Вақте ки ман вафот кунам, бо ман чӣ мешавад?”

Ва шояд боз бисёр фикрҳои дигар доштӣ. Ин овози Исо аст, ки туро фарёд мекунад.

Оё баъзан ту худро ғамгин ҳис мекунӣ, лекин ҳатто намедонӣ барои чӣ? Ё худро танҳо ҳис мекунӣ, вақте ки ҳатто танҳо нестӣ? Шояд ин аз барои он, ки ту ташнаи Худо ҳастӣ, ташнаи Худое, ки туро офарид ва туро дӯст медорад. Ӯ чӯпоне аст, ки гӯсфандони гумшудаи худро фарёд мекунад. Ӯ фарёд мекунаду фарёд мекунад ва туро меҷӯяду меҷӯяд!

Вақте ки ту овози Чӯпонро мешунавӣ, ба Ӯ ҷавоб деҳ. Ба Ӯ бигӯй, ки ту барои гуноҳҳоят афсӯс мехӯрӣ. Ба Ӯ бигӯй, ки худро чӣ тавр ҳис мекунӣ, ва аз Ӯ хоҳиш кун, ки туро наҷот диҳад. Ин дуохонӣ аст.

Ту ягон бор ба Худои осмон дуо хондаӣ? Ҳоло инро кун. Ӯ туро мешунавад ва мефаҳмад. Ӯ ба ту оромие, ки ту меҷӯӣ, мебахшад.

Оё ту мехоҳӣ барраи Ӯ шавӣ ва овозашро шиносӣ? Ӯ мехоҳад дӯсти ту шавад. Ӯ бори гуноҳатро мегирад. Ту худро дар дарун хушбахт ҳис мекунӣ. Ту монанди Ӯ нек ва меҳрубон мешавӣ. Ӯ ба ту ёрдам мекунад, ки ту тарсҳои худро мағлуб кунӣ.

Ҳатто агар дигарон туро аз барои масеҳӣ буданат масхара кунанд, ту медонӣ, ки Исо барои ту ғамхорӣ мекунанд. Ҳатто агар овози бегона туро васваса кунад, ту бояд ба Исо бовар кунӣ ва Ӯ ба ту ёрдам медиҳад, ки ту ғолиб бароӣ.

Вақте ки ту дар дастони меҳрубони Чӯпон бехатар ҳастӣ, ту медонӣ ки дар охир Ӯ туро ба хонаи зебову хушбахт мегирад ва дар он ҷо абадан бо Худо зиндагӣ мекунӣ!

Тамос бо мо

Дархости рисолаҳо

Ҳамаи ин барои чӣ аст?

Ман зиндагиамро хеле беташвиш ва дар хурсандӣ сар карда будам. Ман монанди шапараки хурд бо болҳои зебо будам ва дар пешам олами гулҳо буд. Вақте ки ман ба оянда нигоҳ мекардам, зиндагӣ аҷоиб менамуд. 

Дере нагузашта, фикрониам дигар шуд. Ман фаҳмидам, ки барои он ки одамон маро қабул кунанд ман бояд нақшеро бозам. Ҳаёт ба сирк монанд буд. Медидам, ки гӯё дар оянда ҳалқаҳои сирк кашол буданд ва ман бояд аз онҳо меҷаҳидам. Агар ман аз байни ҳалқаҳо мегузаштам, ман розигии одамонро мегирифтам. Агар намегузаштам, пас ҳамаи дигарон аз ман пештар мерафтанд. 

Зиндагӣ ба намоиш табдил ёфт. Бояд ҷаҳида, аз ҳалқаҳо мегузаштам; дастаи футбол ё гурӯҳи мухлисонро ҷамъ мекардам, ё ба гурӯҳи аълохонон дохил мешудам. Ба донишгоҳи дуруст рафта, диплом мегирифтам. Ман баъзе корҳоеро кардам, ки мехостам накунам, лекин ҳамаи дигарон ин чизҳоро мекарданд—инак—бояд давом дода, умедвор мешудам, ки онҳоро фаромӯш мекунам. Бояд кори нағз ёфта, пули калон кор кунам. Дар вақти дуруст оиладор шавам, шумораи дурусти фарзандонро дошта бошам, хона харам—хонаи зебову калон ва мошини нағз. Фикр мекардам, ки монда шуда истодаам. Бояд аъзои клуб мешудам—на ягон клуб, балки клуби дуруст—меҷаҳидаму меҷаҳидам. Нафақа - ман бояд дар бораи нафақаам фирк кунам—саҳмияҳоро харида, фурӯшам—аз баъзе ноҳамвориҳо гузарам ва пеш равам, равам ва равам. 

Ва ногаҳон ман дар назди ҳалқаи охирин меистам. Аммо он даврашакл нест, он чоркунҷа ва дар замин аст. Алаф дар канори кандашудааш тамом мешуд. Ҳамааш дар ин ҷо тамом мешавад. 

Бо ман чӣ рӯй дода бошад? Ҳаёт набояд ин хел мегузашт. Шапараки хурд бо болҳои зебо ба куҷо нест шуд? Бо гулҳо чӣ шуд? Оё ман дар ҳақиқат хушбахт будам? Бо ҷони ман чӣ шуд? Оё ҳамаи ин барои ана ҳамин аст? 

Матни пурра: Ҳамаи ин барои чӣ аст?

“Худоё, чӣ шуд?” 

“Ман шодам, ки дар охир ту пурсидӣ” – Худо гуфт. “Ман туро ба қафо гирифта, нишон медиҳам, ки кадом чизҳо нодуруст буданд, ва агар ту роҳи маро интихоб мекардӣ, зиндагиат чӣ хел мешуд.” 

“Вақте ки ту кӯдак будӣ, Ман бо ту будам. Ман барои ҳамаи кӯдакон ғамхорӣ мекунам. (Инҷили Матто 19:13-14) Шапараки хурдро бо болҳои зебояш дар хотир дорӣ?” 

Вақте ки ман ин рӯзҳои поку пуршодро ба ёд меоварам, дилам дард мекард, чунки онҳо тамом шуданд ва барнамегарданд. 

Худо давом дод: “Вақте фаро расид, ки ту барои қарорҳоят худат вазифадор бошӣ. Он баҳсеро бо модарат дар ёд дорӣ? Аз барои он ту худро бад ҳис кардӣ, лекин ту хатои кардагиатро қабул намекардӣ. Ту мехостӣ бо роҳи худат равӣ.” 

“Ман кӯшиш кардам, ки туро боздорам. Дар хотир дорӣ, ки дӯсти наздиктаринат вафот кард? Он ҳисси танҳоӣ, ки дар он вақт доштӣ—ин ман будам, ки бо ту гап мезадам. Дар замири дилат ту медонистӣ, ки зиндагиат дуруст нест, лекин метарсидӣ, ки дигаргун шавӣ. Ту метарсидӣ, ки дӯстонат чӣ фикр мекунанд, ва аз барои ҳамин ба овозам гӯш накардӣ ва аз ман боз ҳам дуртар рафтӣ.” 

Овози Худо таассуфовар шуд. “Ту солҳои дар донишгоҳатро дар ёд дорӣ?”

Ман илтиҷо кардам: “Оҳ! Худоё, онҳоро ба ёдам набиёр. Ман мехоҳам он рӯзҳоро фаромӯш кунам.” 

Худо оромона гуфт: “Фаромӯш кардан гуноҳро нест намекунад. (Воиз 12:14) Ман бо хурсандӣ туро мебахшидам, агар ту хоҳиш мекардӣ—лекин ту ҳеҷ вақт хоҳиш накардӣ. (1-ум Юҳанно 1:9) Ҳар он лаҳзаҳое, ки ту худро танҳо ва андӯҳгин ҳис мекардӣ, ин ман будам, туро фарёд мекардам, лекин ту гӯш накардӣ. Дар хотир дорӣ, вақте ки ҳамон ҷои кори нағзро ба ту пешниҳод карданд? Муздаш калон буд, лекин он ба ту чизи мехостагиатро надод? (1-ум Тимотиюс 6:9) Ман кӯшиш кардам ба ту гӯям, ки пуррагию қаноатмандӣ фақат аз тарафи ман меояд. Якчанд маротиба ту фикр мекардӣ, ки бо роҳи ман равӣ, аммо он аз ҳад зиёд душвор менамуд ва ту бо роҳи худ мерафтӣ. Оҳ, кош ту ба назди ман меомадӣ, ман ба ту он чизҳоеро, ки ту меҷустӣ, медодам—оромӣ дар дилат, оромӣ дар хонаат ва боварӣ ба оянда.” (Инҷили Матто 11:28) 

Дар давомаш Худо гуфт: “Ту бо корат ин қадар банд будӣ. Ман кӯшиш кардам бо ту дар вақти шоми салқину зебо гап занам, лекин ту намешунидӣ. Ман кӯшиш кардам диққати туро дар вақти тӯфон ҷалб кунам. Ман фикр доштам, ки ту ба ман гӯш мекунӣ, лекин ту намешунидӣ. Агар ту гӯш мекардӣ, ман ба ту ёрӣ мерасондам, ки мушкилӣ байни ту ва ҳамсарат ҳал шавад. Ин туро аз дарди зиёди дил халос мекард.” (1-ум Петрус 3:7)

“Агар ту дуо хонда, аз ман хираду ҳикматро хоҳиш мекардӣ, ман ба ту ёрдам мекардам, ки муносибат бо писарат хуб шавад. Ҳоло аҳвол тамоман дигар хел шуда метавонист. (Масалҳо 29:17) Лекин, не, ту бисёр банду серкор будӣ, хеле бохирад будӣ, хеле одами калон будӣ, ки ба назди ман биёӣ.”

Вақте ки Худо рӯяшро мегардонд, гуфт: “Ту ҳаётатро барои нозу хоҳишҳои худпарастат беҳуда сарф кардӣ ва акнун ту абадан гумшуда ҳастӣ.” Ва баъд ман ҳис кардам, ки аз Худо дуртару дуртар шуда истодаам.

Гумшуда—абадан гумшуда! Ин чӣ маъно дорад? Ин маънои аз Худо дур буданро дорад—абадан—дар ҷои азобу уқубат, ки барои шайтону девҳояш тайёр шудааст. (Инҷили Матто 13:41-42) Лекин ту инро тағир дода метавонӣ. Агар зиндагиат дуруст набошад, онро қабул кун. Ба сӯи Худо рӯй овар, барои гуноҳҳоят тавба кун ва хостатро ба Ӯ таслим кун. (Аъмол 2:37-38) Худо туро дӯст медорад ва мехоҳад туро бубахшад. (Инҷили Юҳанно 3:16) Нарх аллакай супорида шудааст. (Румиён 5:8-11) Исо ба ҷои ту дар салиб ҷон дод. Ӯ барои ту фидияро супорид, то ки ту наҷот ёбӣ. Ту метавонӣ дар дилат ва дар охир дар осмон сулҳу оромӣ дошта бошӣ. (Инҷили Юҳанно 14:1-3)

Ҳамаи ин дар бораи ҳамин аст.

Тамос бо мо

Дархости рисолаҳо

Масеҳият—ин чӣ аст?

Cross of Christ

Масеҳият дар Худо, Писари Ӯ Исои Масеҳ ва Китоби Муқаддас, ки Каломи Худо аст, асос ёфтааст. Масеҳӣ ин одаме аст, ки ба Китоби Муқаддас бовар мекунад ва аз рӯи таълимоти Исои Масеҳ зиндагӣ мекунад. Ин роҳи ҳаёт ба мо сулҳу осоиштагӣ ва хурсандӣ дар ин замин мебахшад ва моро барои хонаамон дар осмон тайёр мекунад.

Худо Падар

Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки фақат як Худо ҳаст, ки ҳамеша буд ва хоҳад монд. Худо ҳама чизро медонад ва донишу хирадаш беохир аст. Дар Китоби Муқаддас дар Масалҳо 15:3 гуфта шудааст: “Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд.” Худо дар ҳама ҷо аст ва метавонад дар айни вақт ба ҳар одам дар ҷаҳон диққати пурра бахшад. Мо метавонем дар ҳар ҷо ва дар ҳар вақт ба Худо дуо хонем. Ӯ дуоҳои моро мешунавад ва аз рӯи хости худ ҷавоб медиҳад. Фақат як Худо ҳаст, лекин Ӯ худро дар се шаҳсият зоҳир мекунад: Худо Падар, Худо Писар ва Худо Рӯҳи Муқаддас. Ин се шахсияти алоҳида ҳастанд, лекин онҳо дар ҳамоҳангӣ амал мекунанд, чунки ин се шахсият як аст.

Офариниш ва ба гуноҳ афтодани одамизод

Худо ҷаҳон ва ҳар чиро, ки дар он ҳаст, офарид. Дар панҷ рӯз Худо офтоб, моҳ, ситора, замин, об, паррандагону моҳиҳоро офарид. Дар рӯзи шашум Худо ҳамаи махлуқоти заминиро офарид ва пас одамро ба сурати худ офарид. Одам тоҷи офариниши Худо ва изҳороти муҳаббати Ӯ аст. Худо Одамро, якум инсонро офарид ва ӯ пок ва бегуноҳ буд. Худо мехост, ки одам ба Худо аз рӯи интихоби шахсиаш хизмат кунад. Худо ба Одаму Ҳавво як аҳкоми содда дод, лекин онҳо беитоатӣ карданд. Онҳо аз барои гуноҳашон аз Худо ҷудо шуданд. Аз барои беитоатиашон тамоми одамизод зери лаънати маргу гуноҳ афтоданд. Фақат Худо метавонист одамизодро халос кунад. Аз барои муҳаббаташ Худо “Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад (Инҷили Юҳанно 3:16).

Худо Писар

Исои Масеҳ Писари Худо аст. Исо ба ҷаҳон ҳамчун тифл омад, аз бокира бо қуввати Рӯҳи Муқаддас таваллуд шуд. Исо ҳамчун одами оддӣ зиндагӣ кард. Шайтон Исоро ба воситаи бисёр роҳҳо меозмӯд монанди он, ки моро ба озмоиш меандозад, лекин Исо ҳеҷ вақт гуноҳ накард. Исо ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва беморони бисёрро шифо мебахшид. Исо мардумро дар бораи наҷот ва муҳаббати Падараш таълим медод. Мақсади омаданаш ба замин дар он буд, ки ҷонашро барои гуноҳи тамоми ҷаҳон фидо кунад. Вақте ки Исо бар зидди гуноҳу худпарастии одамон мавъиза мекард, роҳбарони динӣ аз Ӯ ба хашм меомаданд. Онҳо Исоро ба мақомоти ҳокимият супурданд ва Ӯро маслуб карданд. Баъд аз марги Исо дар салиб шогирдонаш ҷасадашро дар қабр ниҳоданд. Дар рӯзи сеюм Исо бо қуввати Худо аз мурдагон зинда шуд. Пеш аз он, ки Исо ба осмон баргардад, Ӯ пайравонашро таълим медод, ки чӣ тавр подшоҳии Худоро пойдор кунанд.

Худо Рӯҳи Муқаддас

Матни пурра: Масеҳият—ин чӣ аст?

Рӯҳи Муқаддас шахсияти сеюми Худо аст. Ӯ хости Худоро ба одамон ошкор мекунад. Ӯ одамонро барои бутпарастию гуноҳкориашон фош мекунад. Ӯ одамонро даъват мекунад, ки қурбонии Исои Масеҳро ҳамчун кафорати гуноҳҳояшон қабул кунанд. Худо бахшоиши Рӯҳи Муқаддасро ба онҳое медиҳад, ки ба Худованд Исои Масеҳ бовар мекунанд. Ӯ тасаллидиҳанда дар ҳамаи душвориҳои зиндагӣ аст, тасаллибахш дар ҳамаи бадбахтиҳо аст. Ӯ одамонро барои беадолатиашон фош мекунад ва онҳоро ба ростии пурра роҳнамоӣ мекунад.

Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас ин Каломи Худо аст ва паёмӣ Ӯ ба одамизод аст. Ин китоб аз тарафи одамон сохта нашудааст, лекин аз ҷониби одамони муқаддаси замони қадим зери илҳоми Рӯҳи Муқаддас навишта шудааст. Дар Китоби Муқаддас дар бораи офариниши ҷаҳону одам навишта шудааст. Дар он ҷо гуфта шудааст, ки ҳама одамон гуноҳ кардаанд ва гуноҳ одамро аз Худо ҷудо мекунад. Инчунин дар Китоби Муқаддас роҳи наҷот нишон дода шудааст, ки ҳамаро аз асирии гуноҳ озод карда метавонад. Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр зиндагии росткор дошта бошем ва ба абадият тайёр шавем.

Зиндагӣ кардани ҳаёти масеҳӣ

Барои масеҳӣ шудан мо бояд фаҳмем ва қабул кунем, ки мо гунаҳкор ҳастем. Мо бояд гуноҳҳои худро эътироф кунем ва Худованд Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул кунем. Вақте ки мо ҳаёти худро ба Худо месупорем, Ӯ моро бо Рӯҳи Муқаддас пур мекунад. Қуввати Рӯҳи Муқаддас, ки дар мо аст, ба мо қувват медиҳад, ки мо дигаронро дӯст дорем ва онҳоро бубахшем. Шахси масеҳӣ кӯшиш мекунад, ки дилашро дар покӣ нигоҳ дорад, самимӣ ва ростқалб бошад. Вақте ки мо меафтем, Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ [Худо] амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.” (1-ум номаи Юҳанно 1:9).

Баъд аз марг

Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки барои ҷонамон фақат ду ҷои абадӣ вуҷуд дорад – ин осмон ё дӯзах. Вақте ки мо вафот мекунем, ҷонамон аз бадан ҷудо мешавад ва интизори доварии ниҳонии Худо мешавад. Дар вақти доварӣ одамони наҷотёфта ба осмон даъват мешаванд. Ҳамаи онҳое, ки Худоро рад кардаанд, ба дӯзах фиристода мешаванд. Дӯзах ҷои даҳшатнок аст. Ин чуқурии беҳади оташи тафсон аст, ки барои шайтону девҳояш тайёр шудааст. Ҳамаи онҳое, ки ба овози Исо итоат накардаанд, лекин дидаву дониста ҳаёти пургуноҳ доштанд, бе ягон умед абадан месӯзанд.

Осмон ҷои сукунати Худо аст. Ин ҷои зеботарин бо сулҳу осоиштагӣ ва оромии комил аст, ки Худо тайёр кардааст. Дар осмон дигар ҳеҷ мусибат ва дард, ҳеҷ гуруснагӣ ва беморӣ намешавад. Осмон хона барои ҳамаи онҳое хоҳад буд, ки гуноҳро тарк карданд ва Исоро ҳамчун Наҷотбахши худ қабул карданд. Дар осмон наҷотёфтагон ҳамеша Худоро суруд ва ҳамду сано мехонанд.

Тамос бо мо

Дархости рисолаҳо